Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ашуров Абдулҳафиз Абдуевич муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

2. Ҷаборов Ҷумаҳмад Самадович судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шавад.

3. Шарипов Хуршед Қаҳорович судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад.

4. Раҳимов Баҳриддин Исмонович судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шавад.

5. Маҳмудов Зубайдулло Асоевич судяи суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

6. Сафаров Акбаралӣ Шулашович судяи суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

7. Мирзоев Рустам Пираҳмадович муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод карда шавад.

8. Шукуров Назрулло Тагайбобоевич судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Ваҳдат озод карда шавад.

9. Сафаров Шерали Нурович муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
11 майи соли 2012
№1278

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520