Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳо дар кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови шаҳри Душанбе

28.04.2017 11:24, шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо рафти корҳои таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаҳои  Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов ошноӣ пайдо намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки таъмиру таҷдиди роҳҳои мазкур аз ҳисоби даромадҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Роҳи тоҷик" дар доираи дастуру ҳидояти Пешвои миллат сурат гирифта, феълан корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳо дар ин самт ҳанӯз ду моҳ қабл оғоз ёфта буд ва то рӯзи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ пурра ба сомон расонида мешаванд. То ин дам дар 4 роҳрави кӯчаҳои мазкур корҳо пурра анҷом ёфта,  боз 15 роҳрави дигар барои асфалтпӯш намудан омода карда шудаанд. Иброз гардид, ки дар маҷмӯъ дар баробари роҳҳои асосӣ, ҳамчунин 50 роҳрави дигар, ки ба кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шомиланд, мавриди таъмиру таҷдид қарор мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе ва намояндагони тоҷирони кишвар чанд тан аз соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтанд, ки дар сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе саҳми арзанда мегузоранд.

Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Қурбонмурод Неъматзода – роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди “Роҳи тоҷик” 40 километр роҳҳои пойтахт азнавсозӣ карда мешавад. Аз ин дар соли 2017 - 20 километр ва дар соли 2018 - 20 километри дигар бунёд мегардад.

Дар маҷмуъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳҳои пойтахти кишвар бо риояи тамоми талаботи роҳсозӣ бунёд мегардад. 

Дар  кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 21 километр роҳ таъмиру таҷдид гардида, бо назардошти муосиртарин талаботи роҳсозӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ҳамчунин дар доираи ин тарҳ асфалтпӯш намудани роҳҳои пиёдагард, ивазкунии иншооти обпартову обгузар,  чароғонкунии роҳ ва гулзоркунии шафати роҳҳо дар назар дошта шудааст, ки дар муҳлати муқарраргардида ба сомон расонида мешавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо  сохтмончиён таваҷҷуҳи онҳоро ба анҷоми босифати корҳо ҷалб карда, масъулинро вазифадор намуданд, ки назорати сифати иҷрои корҳоро ҷиддӣ ба роҳ монанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520