Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сарфарозгардонии Ҳошим Гадоев
бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ Ҳошим Гадоев – ҳунарпеша ва режиссёри муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардонида шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 майи соли 2017
№872

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520