Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

12.05.2017 08:38, шаҳри Душанбе

Устодону омӯзгорон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар марҳалаи сифатан нави рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, ки аз ҷумлаи омилҳои муҳимтарини мутобиқсозии инфрасохтори соҳаи маориф ба талаботи ҷаҳони имрӯза маҳсуб шуда, барои бедор кардани завқи наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму дониш нақши асосӣ доранд, торафт вусъат пайдо карда истодааст.

Дар ин раванд, боиси қаноатмандист, ки дар баробари ғамхориву дастгириҳои давлатӣ нисбат ба мактабу маориф таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи кишвар низ ба тақдири насли ояндасоз торафт бештар гардида, мардум ҷиҳати ба камол расонидани ворисони воқеии Ватану миллат ба таълиму тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ дода истодаанд.

Умуман, бояд гуфт, ки дар фарҳанги мардуми мо таваҷҷуҳ ба омӯзиши илму дониш ва эҳтироми устоду омӯзгор аз қадим мавқеи хосса дорад.

Зеро болоравии фарҳангу маънавиёт ва тарбия намудани ворисони ҳақиқии давлату миллат, дар навбати аввал, аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ҳамчун ниҳоди муҳимми ҷомеа ва заҳмати содиқонаи устодону омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар вобаста мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир аксари бузургони миллати мо ҳамчун шахсиятҳои соҳибмактаб эътироф шуда, осори ахлоқиву тарбиявии онҳо ба ганҷинаи фарҳанги башарӣ ворид гардидааст.

Ҳукумати мамлакат ҳамаи талоши худро ба он равона кардааст, ки мактаби муосир дар баробари пайдо кардани симои нав, инчунин, имконияти афрӯхтани нури илму маърифат ва густаришу тавсеа бахшидани ахлоқи ҳамидаи инсониро дар қалби фарзандонамон дошта бошад.

Зеро рисолати асосии мактаби замони истиқлолият ба воя расонидани насли бедорфикру босавод ва ватандӯсту худогоҳ мебошад ва мо ба хотири амалӣ гардонидани ин ҳадаф марҳала ба марҳала чораҷӯӣ карда истодааем.

Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат то имрӯз барои ба талаботи даврони соҳибистиқлолӣ мутобиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи таҳсилот якчанд марҳалаи ислоҳот татбиқ гардида, низоми идоракунии соҳа ва нақши мактабу маориф дар пешрафти ҷомеа ба шакли нав ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра, бо мақсади рушди бомароми соҳаи маориф якчанд барномаи давлатӣ қабул ва татбиқ карда шуда, аз ҷумла соли гузашта ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 қабул карда шуд.

Ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, ки дуюмин мактаби навбунёди имрӯз ба истифодаи насли наврас супоридаи мо дар ҳудуди ноҳия мебошад, натиҷаи ғамхориву дастгирии Ҳукумати мамлакат ба кӯдакону наврасон, яъне насли хушиқболи замони истиқлолият ба шумор меравад.

Мактаби имрӯза 560 нафар наврасони ин маҳалли хушманзари ноҳияро ба таҳсил фаро мегирад ва дорои шароити беҳтарини таълимӣ мебошад.

Бинобар ин, ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат самимона табрик гуфта, ба тарбиятгирандагони он дар ҷодаи азхудкунии донишҳои муосир комёбиҳо орзу менамоям.

Мардуми ноҳияи Данғара табиатан китобдӯсту маорифпарвар буда, ба омӯзиши илму дониш рағбати зиёд доранд.

Дар бисёр сарчашмаву манбаъҳои таърихӣ ин мавзеъ аз ҷумлаи минтақаҳои хеле қадимаи мардуми тоҷик муаррифӣ шудааст.

Дар ҳудуди ноҳия мавҷуд будани оромгоҳи олимону орифони маъруф гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Чунонки медонед, соли гузашта баъди таваққуфи бистсола расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох», ки бо хусусияти ҷойгиршавӣ ва тарзи фаъолияти худ дар ҷаҳон беназир мебошад, барқарор ва бо таҷҳизоти муосиртарини соҳа таъмин карда шуд.

Ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз дастгирии илму маориф аз он иборат аст, ки барои тақвияти нерӯи инсонӣ ҳамчун арзиши муҳимтарини ҷомеа ва рушди илмҳои бунёдӣ таҳкурсии мустаҳкам гузошта шавад.

Зеро осори гаронбаҳо ва кашфиёти олимону донишмандони гузаштаи мо дар илмҳои гуногун аз ҷониби ҷаҳониён эътироф шуда, миллати тоҷик дар ғанӣ гардонидани тамаддуни башарӣ саҳми арзишманд гузоштааст.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои навраси мо хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замонаи пешрафта гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд.

Дар робита ба ин, як далели воқеиро хотирнишон месозам.

Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО имрӯз дар дунё 57 миллион нафар кӯдакон имконияти таҳсил кардан надоранд ва 25 миллион нафар кӯдакони синни аз 6 то 15 - сола бо сабаби низоъҳои мусаллаҳона дар 22 кишвари олам аз имконияти мактабравӣ маҳруманд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ноҳияи Данғара аз ҷумлаи ноҳияҳои калонтарини аграрӣ буда, ҳоло бо мақсади табдил додани он ба ноҳияи саноативу аграрӣ бунёди як силсила корхонаҳои саноатӣ босуръат идома дорад, ки барои таъмин намудани фаъолияти муназзами онҳо дар солҳои наздиктарин ҳазорҳо нафар кадрҳои баландихтисос заруранд.

Бо дарназардошти таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва дар заминаи он бунёд гардидани корхонаҳои хурду калон, аз қабили корхонаҳои сементу шишабарорӣ, конструксияҳои металлӣ, коркарди нафту газ, пахта, калобаресӣ, кешбофӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти чорво зарурати тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ пеш омадааст.

Дар баробари ин, таъсиси корхонаҳои саноатӣ яке аз роҳҳои беҳтарини кам кардани сатҳи бекорӣ, бо шуғл таъмин намудани сокинони маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зинагии аҳолӣ мебошад.

Устодон ва омӯзгорони муҳтарам!

Дар раванди таълиму тарбияи насли наврас мо бояд ба проблемаҳои асосии мактабу маорифи имрӯза, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳарчи беҳтар ҷалб намудани таваҷҷуҳи волидайн ба донишандӯзии фарзандон ва риояи талаботи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” диққати махсус диҳем.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам як масъаларо ҷиддӣ таъкид намоям. Мактаби имрӯза вазифадор аст, ки бо дарназардошти таъминоти пурраи воситаҳои таълиму тарбия на танҳо ба донишомӯзӣ, балки ба ахлоқу рафтори насли ҷавон аҳаммияти асосӣ диҳад.

Яъне устодону омӯзгорон бояд ба хушахлоқӣ, покизагии забони хонандагон, санъати сухан ва ҳисси зебоипарастии ҷавонону наврасон, яъне масъалаи дарки сухан, тарзи баёни фикр ва одоби муошират эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Насли ҷавони миллати мо бояд бо забони модарии худ ифтихор дошта бошад ва фаромӯш накунад, ки бо забони шевои тоҷикӣ танҳо панду андарз, шеъру ғазал ва сухани зебо гуфтану шунидан ҷоиз аст.

Чанд сол сол пеш бо мақсади баланд бардоштани нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва мушаххас намудани ҳуқуқу уҳдадории тарафҳо дар таълиму тарбияи насли ҷавон қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд.

Гузашти начандон зиёди вақт собит намуд, ки қабули чунин як санади меъёрии ҳуқуқӣ иқдоми саривақтиву зарурӣ буда, ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт муосидат намуда истодааст.

Бо истифода аз фурсат ба падару модарон, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, иброз менамоям, ки баъд аз сари инсон аз амалҳои савобе, ки аз ӯ ёдгор мемонад, беҳтаринаш тарбияи фарзанди боилму босавод аст, ки фоидааш ба мардум мерасад ва ин амали инсон баробар ба таълифи як китоби пурмазмун мебошад.

Маълум аст, ки табиатан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар дар оила аввалин таҷрибаест, ки дар зеҳни кӯдак нақши доимӣ пайдо мекунад ва таъсири он дар зиндагии инсон тамоми умр боқӣ мемонад.

Зеро оила сутуни ҷомеа ва давлат буда, Ҳукумати мамлакат муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ташаккули ин ниҳоди муҳимро яке аз вазифаҳои асосии худ меҳисобад ва барои таъмини шароити сазовори зиндагӣ ва ба камол расонидани насли босаводу ояндасоз аз тамоми имкониятҳо истифода мекунад.

 Дар навбати худ, падару модарон низ бояд аҳаммияти масъалаи мазкурро дуруст дарк намуда, бо мактабу омӯзгор ҳамкории доимӣ дошта бошанд ва ба тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ машғул шаванд.

Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки дар чунин мактабҳои муҷаҳҳазу замонавӣ наслҳои босаводу хушахлоқ ва донишманду бофарҳанг ба воя мерасанд ва барои Ватану миллати худ содиқона хизмат мекунанд.

Ҳамеша саломату саодатманд бошед ҳамдиёрони гиромӣ ва фарзандони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520