Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ

22.05.2017 00:17, Арабистони Саудӣ

Нимаи дуюми рӯзи 21 майи соли 2017 дар шаҳри Риёз дар ҳошияи нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ мулоқот доир карданд.

Дар мулоқот масоили вусъат додани робитаҳои судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Лубнон баррасӣ карда шуд.

Зимни вохӯрӣ, ки хеле самимӣ ҷараён гирифт, ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар иброз доштанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои доғро, ки ба амнияти минтақа ва кишварҳо таҳдид мекунанд, муҳокима карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ гардид.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ  22.05.2017

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520