Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқотҳо бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчии нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

22.05.2017 00:55, Арабистони Саудӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳаён, Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад бин Исо Олӣ Халифа ва Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ мулоқотҳои судманду самимӣ ва созанда доир карданд.

Зимни суҳбатҳо, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт масоили ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидор ва мулоқот бо ҳамтоёни худ изҳори қаноатмандӣ карда, ин вохуриҳоро таконбахши рушду густариши муносибатҳо маънидод намуданд.

Ҳамин тавр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати мусоид бо аксари онҳо ба хотири рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар чаҳорчуби равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам масоили ҳамкориро баррасӣ қарор доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520