Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён

25.05.2017 16:14, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳёнро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ буда, ба татбиқи тавофуқҳое, ки дар сатҳи оливу баланд зимни мулоқоту музокироти ҷонибҳо ҳосил шуданд, ҳавасмандии зиёд дорад.

Дар суҳбати пурмуҳтаво аз сатҳи ҳамкории сиёсӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ карда шуда, яксон ваё наздик будани мавқеи ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид. 

Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ҳамин замина таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, ифтитоҳи бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон инчунин фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ зарур шуморида шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи муҳимияти ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Арабва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили вазъи амниятии ҷаҳони ислом, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва пешгирию бартараф кардани хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир ҳамфикрӣ баён карда, барои тақвияти ҳамдастӣ дар ин самт дар шакли барои ҷонибҳо мақбулу муҳим изҳори омодагӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520