Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

11.06.2017 21:24, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот ва мубодилаи афкори судманд бо Антониу Гутерриш, ки ба ҳайси Дабири кулли СММ бори нахуст ба Тоҷикистон омадааст изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамкории кишвари моро бо Созмони Милали Муттаҳид барои таҳкими низоми давлатдорӣ, ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувор пурарзиш ва муҳим шумориданд.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон аз оғози узвияташ дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориҳои густурдаи созанда ва судмандро бо он ва ниҳодҳои тахассусиаш ба роҳ монда, барои фаъолияти бемайлони 23 бунёду барномаҳо ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави давлат шароит фароҳам овардааст.

 Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст фикру мулоҳизаҳои судман баён гардид.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   муҳимияти ҳамкории Тоҷикистонро бо СММ дар истифодаи боэътимод ва самараноки имкониятҳои энергетикӣ, василаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ ва иқтидорҳои бузурги кишоварзӣ таъкид доштанд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар роҳандозии рӯзномаи марбут ба масъалаҳои оби Созмони Милали Муттаҳид фаъолона ширкат варзида, минбаъд низ ҳамчун ташаббускори баррасии масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ дар татбиқи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати истифодаи пойдори ин неъмати ҳаётан муҳим саҳми фаъол мегузорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт.

Ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббусҳои глобалии “энергияи устувор” ва “энергияи сабз” барои ҳама бори дигар таъкид гардида, истифодаи иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз лиҳози истеҳсоли барқи тоза беназир мебошанд, барои минтақа пураҳмият арзёбӣ шуд.

Барои идомаи ҳамкорҳои судманд дар таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсию низомии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаи кори рӯзномаи чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”, ки баргузории он дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520