Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат

27.06.2017 07:41, шаҳри Ваҳдат

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20- солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Сарвари давлатро дар даромадгоҳи шаҳр сокинони шаҳри Ваҳдат бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Пас аз пазироии гарму самимӣ, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои 20 ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд. Ин бинои муҳташам аз 270 хонаи якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ иборат аст. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ моҳи августи соли 2015 аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» шурӯъ шуда, дар давраи сохтмон наздик ба 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.

Дар ин ҷо Роҳбари давлат нахуст дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 дӯстрӯяк аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба ин кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ин иншоот бо маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якуми он марказҳои хизматрасонию савдо, дар ошёнаи дуюм маркази саломатӣ ва дар ошёнаи сеюм маркази омӯзишии касбу ҳунарҳо ташкил карда мешавад. Ин бинои хуштарҳи 20 - ошёна аз таҳхонаи дуошёна барои 42 адад мошини сабукрав, ҳамчунин аз ду даромадгоҳ иборат мебошад. Ин имкон медиҳад, ки боз 80 нафар дар ин ҷо бо ҷои кори доимӣ таъмин гарданд.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои иншооти мазкур, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои бунёд намудани боз 4 адад ҳамин гуна бинои баландошёна ва кӯдакистону дармонгоҳ, ки аз тарафи ҶДММ «Комил-2010» дар шафати ҳамин бино дар назар аст, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520