Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат

27.06.2017 08:53, шаҳри Ваҳдат

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар деҳаи Шаҳдбори Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов бо вазъи истифодабарии заминҳои президентӣ шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар намоишгоҳи кишоварзӣ Сарвари давлат нахуст бо вазъи истифодабарии заминҳои президентӣ шинос шуданд. Пешвои миллат ҳангоми мулоқот бо соҳибони ин қитъаҳои замин иброз доштанд, ки ба сокинони кишвар додани заминҳои президентӣ дар ду давра-солҳои 1995 ва 1997 роҳандозӣ гардид ва ҳамин иқдом дар шароити мушкили он замон имконияту шароити мусоид барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардумро ба миён овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз заминҳои президентӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳамчун хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, шаҳрвандон бояд самараноку оқилона истифода намуда, дар ин кор деҳқонони ботаҷриба ва олимони соҳаи кишоварзӣ ба хотири рӯёндани ҳосили фаровон бо онҳо ҳамкорӣ намояд.

Воқеан дар ин қитъаи замини президентии сокини деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат Танзира Одинаева, ки масоҳати 6 садякро дар бар мегирад, пас аз гирифтани ҳосили якум дар кишти такрорӣ қариб 20 номгӯи зироат коштааст. Ӯ бо қаноатмандӣ аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки маҳсулоти бадастовардааш аз замини президентӣ на танҳо барои захираи яксолаи оилаашон кифоят мекунад, балки ҳосили изофиро ба бозорҳо низ мебароранд.

Сарвари давлат дар ин ҷо аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳри Ваҳдат дидан намуданд. Дар ин намоиш намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолии деҳқонони шаҳр, аз қабили гандум, ҷав шолӣ, нахӯд, лубиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабуи ошӣ, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу, гелос, зардолу, шафтолу ва қулфинай ба маърази дид гузошта шуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони шаҳр дар майдони 7 ҳазор гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузарондаанд ва аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 52 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳои шаҳр кишти такрорӣ бомаром идома дорад.

Тибқи дурнамо дар шаҳри Ваҳдат дар майдони 730 гектар картошка кишт шудааст. Нашъунамои он низ хуб буда, навобаста аз он ки ҳосилғундорӣ то ҳанӯз идома дорад, деҳқонон умед доранд, ки ҳосили фаровон мерӯёнанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили дилхоҳ ҳидоят намуданд.

Таъкид шуд, ки шаҳри Ваҳдат бо меваҳои шаҳдбораш на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам машҳур мебошад. Ҳамасола боғдорони ин шаҳр ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳазорҳо тонна меваи тару хушк содир менамоянд. Ба мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» дар шаҳри Ваҳдат дар майдони 51 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз ин 32 гектараш боғҳои интенсивӣ мебошад. Роҳбари давлат ба масъулон дастур доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз меваю сабзавотро барои содирот бештар намуда, шумораи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро дар шаҳр дучанд намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат як корхонаи доимоамалкунандаи консервабарорӣ ва як коргоҳи мавсимии коркарди меваю сабзавот фаъолият мекунанд. Вале бо сабаби он ки ҳамасола хоҷагиҳои ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз иқтидори солонаи ин ду корхона маҳсулоти бештар истеҳсол мекунанд, қисме аз ин маҳсулот дар шакли табииаш истифода мешавад.

Соҳаи моҳипарварӣ низ дар шаҳри Ваҳдат рушд кардааст. Гулмоҳиҳое, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дар ҶДММ "Форел", ки дар дараи зебоманзари Ромит воқеъ аст, парвариш мешавад. Ин моҳӣ яке аз нодиртарин намудҳои моҳӣ ба ҳисоб рафта, дар обҳои мусаффо ва ҷоришаванда зиндагӣ мекунад. Дар маҷмӯъ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳр ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва афзоиши он 22,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар намоиш инчунин маҳсулоти занбӯри асал пешкаш гардид, ки тамъу маззаи он аз асалҳои дигар минтақаҳои кишвар фарқ дорад. Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат асосан дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш карда мешавад. Ин аст, ки асали дар ин минтақа истеҳсолшуда тамъи лазиз дорад ва ба садҳо намуди беморӣ шифо мебахшад. Зикр шуд, ки талабгорони асали шаҳри Ваҳдат берун аз Тоҷикистон низ хеле зиёданд.

Пешвои миллат аз пешрафти бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии барзгарон изҳори хушнудӣ карда, иброз намуданд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт торафт бештар мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520