Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари корӣ ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия

23.12.2010 20:00, Туркия

Рўзҳои 22 – юм ва 23 – юми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши 11 – уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия қарор дошт.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин созмон соли 1985 аз ҷониби се давлат - Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, аз соли 1992 ба он ҳамчунин Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамроҳ шудаанд.

Барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Истамбул сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, намояндагони воломақоми дигар давлатҳои аъзо ва меҳмонони зиёд ҷамъ омаданд.

Масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва энергетикӣ аз ҷумлаи мавзўъҳои асосии ин ҳамоиш буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳамоиши 11-уми сатҳи олии Созмони ҳамкории Иқтисодӣ пеш аз ҳама ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барои даъвати ин мулоқот ва муҳайёсозии шароти хуби корӣ изҳори сипос кард.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитӣ, соддагардонии расмиёти савдо, густариши тиҷорати наздисарҳадӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва маводи карбогидридӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ ва интиқоли озоди молу нерўи кориро дар чаҳорчўбаи Созмон аз самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ медонад», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар мубодилоти тиҷоратӣ бо кишвари мо «пешсаф» номида, иттилоъ дод, ки «39 дар сади ҳаҷми гардиши хориҷии моли Тоҷикистон бо ин кишварҳо рост меояд».

Эмомалӣ Раҳмон давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳамкории бештари иқтисодию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла ба истифодаи босамар аз имконоти чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ дар кишвари мо даъват намуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи амалии Созишномаи тиҷоратӣ қадами муассире мегардад барои то соли 2015 фаъол намудани минтақаи тиҷорати озод дар қаламрави созмон.

Чунонки Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, «сохтмони роҳҳое, ки пайванди Осиёи Марказиро бо бандарҳои халиҷи Форс ва уқёнуси ҳинд имконпазир мегардонанд, ҷавобгўи манфиатҳои муштараки ҳамаи кишварҳои аъзои созмон аст».

Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати Корвони мошинҳои «Роҳи абрешим-2010»-ро, ки дар моҳҳои сентябр-ноябри соли равон аз ҳудуди ҳафт кишвари аъзои созмон убур карда буд, «имкони хуби омўзиши вазъи ҳаракати транзитии нақлиёти автомобилӣ дар минтақа» арзёбӣ намуда, омодагии Тоҷикистонро ба иштирок дар даври дуюми корвони мазкур, ки дар ибтидои соли 2011 ба нақша гирифта шудааст, таъкид намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин «ибтикороти Созмони ҳамкории иқтисодиро дар татбиқи амалии лоиҳаҳои тиҷорати минтақавии нерўи барқ миёни Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Эрон ва дар мавриди дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо ҷавобгўи манфиатҳои ҳамаи кишварҳои созмон маънидод кард.

Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки фурўши нафт ва гази моеъ ба кишварҳои аъзои Созмон, ки чунин захираҳои табиӣ надоранд, бо нархҳои имтиёзӣ ба роҳ монда шавад.

Изҳори умед карда шуд, ки «Эъломияи Душанбе ва нақшаи нави амалиёт оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва нафт барои солҳои 2011-2015, ки дар ҷаласаи вазирони энергетика ва нафти кишварҳои Созмон дар моҳи октябри соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон қабул шуда буданд, дар рушду таҳкими ҳамкории кишварҳо дар пайвасти шабакаҳои энергетикӣ механизми арзишманд хоҳанд гашт».

Зимни баррасии масоили вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ даъват намуд, ки пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи «таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ намоянд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми намоёни кишвари мо дар эҳёи иқтисодиёт ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ёдовар шуда, «иҷрои сареи Нақшаи амалиёти Созмон оид ба эҳёи Афғонистон» - ро матлуб арзёбӣ кард.

Дар ҳамоиши сатҳи олӣ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар кишварҳо низ суханронӣ намуда, доир ба ҳаллу фасли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон ибрози андеша карданд.

Дар охири ҳамоиш Эъломияи Истамбул ва як зумра қарорҳои муҳим оид ба таъмини фаъолияти самарабахши Созмони ҳамкории иқтисодӣ, густариши минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва баланд бардоштани он то сатҳи сифатан нав қабул шуданд.

Дар фароварди ҳамоиш ҳамчунин маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳои ЭКО баргузор шуд ва зимни он ҷоиза дар соҳаи фарҳанг барои дастовардҳои намоёни илмию тадқиқотӣ ба олими санъатшиноси тоҷик Фароғат Азизова тақдим карда шуд.

Дар шаҳри Истамбул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом дод.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили таҳкими муносиботи дўстонаи ҳамсоягӣ ва густариши ҳамкории судманди бисёрпаҳлу баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла доир ба пайвастани хатҳои интиқоли нерўи барқ ва роҳҳои мошингард, бунёди роҳҳои оҳан, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ба нафъи Тоҷикистону Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа зоҳир карда шуд.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро барои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ба татбиқи амалии лоиҳаҳои энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба рушди ҳамгироиҳои муштараки амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади миёни ду кишвар гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ низ басо судманд ҷараён гирифт.
Аз сатҳи баланд ва пайвастагии робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Баррасии чораҷўиҳо доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.
Дар ин росто густариши ҳамкории бисёрҷониба, хусусан дар чаҳорчўби «Чаҳоргонаи Душанбе», яъне давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия судманд маънидод карда шуд.

Бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хўрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва кимёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва ҳамкориҳои илмию техникии миёни Тоҷикистону Покистон дорои дурнамои судбахш арзёбӣ гардид.

Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин доир ба мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Истамбул бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот намуд.

Зимни сўҳбати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба масоили ҳамкории минтақавии энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва ҳамгироӣ дар дигар соҳаҳои зербиноӣ мароқи бештар зоҳир гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки нерўгоҳи Сангтўда – 2 то моҳи сентябри соли 2011 пурра ба кор даромада, тўҳфаи хуби ҷониби Эрон дар ҷашни солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон мегардад.

Таъкид гардид, ки барои татбиқи амалии лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ чун бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқ миёни Тоҷикистону Эрон ва дигар кишварҳои минтақа аз имконоти мавҷуда дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони конфронси исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай низ бояд васеъ истифода шавад.

Ба густариши ҳамкории иқтисодӣ тиҷоратӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили амнияту субот ва мавзўъҳои минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугў сурат гирифт.

Рўзи 22 – юми декабр дар шаҳри Истамбул Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия баргузор шуд, ки дар он сарони ҳарду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул иштирок намуданд.

Масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркия, қабл аз ҳама ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ нахуст дар мулоқот хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул баррасӣ шуд.

«Туркия дӯсти боэътимод ва шарики муҳими мо мебошад ва мо ба густариши равобит бо он ҳавасманд ҳастем», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар 10 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Сарони ду давлат фаъолтар намудани кори Комиссияи байни ҳукуматии иқтисодиро зарур шумурда, пешниҳоди навро доир ба таъсиси бахши энергетикии он тадбири судбахш арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба амнияту субот ва роҳҳои густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон ва мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвар гуфтугў сурат гирифт.

Баъд аз анҷоми мулоқоти хоса сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул барои иштирок дар Форуми муштараки соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия ба толори баргузории ин ҳамоиш ворид шуданд.

Дар Форуми мазкур зиёда аз 450 нафар соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ширкат варзиданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ нахуст ба ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ва созмондиҳандагони форуми мазкур барои муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ арзи сипос карда, ҳамкории ду кишварро дар доираи робитаҳои мустақими соҳибкорону тоҷирон дорои дурнамои умедбахш маънидод кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард. Зикр гардид, ки имрўз дар қаламрави Тоҷикистон 53 корхонаи муштарак ва корхонаҳои пурра ба соҳибкорони туркӣ тааллуқдошта амал мекунанд. «Бо вуҷуди ин, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон, - имкону захираҳо барои густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманд ҳанўз хеле зиёданд ва онҳо бояд мавриди истифода қарор бигиранд».

Бо ёдоварӣ аз беҳшавии фазои инвеститсионӣ дар Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки «баҳри дастгирии бахшҳои бонкӣ ва истеҳсолӣ дар кишвари мо раванди соддагардонии расмиёти марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ суръати бештар пайдо менамояд».

Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи меҳмонони дигарро ба сарзамини худ хайра мақдам гуфта, соҳибкорону тоҷирони кишварашро ба ҳамкории бештару беҳтар бо Тоҷикистон ташвиқ намуд. Абдулло Гул, аз ҷумла изҳор дошт: - «Сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фоидаи бисёр хоҳад овард, зеро ин кишвар дорои захираҳои бепоёни табиӣ ва мардуми заҳматдўсту меҳмоннавоз аст, фазои мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ низ дар он барои иштироки васеи соҳибкорони Туркия муҳайё мебошад».

Зимни суханронии сарони ду давлат ва саволу ҷавобҳо ба соҳаҳои афзалиятнок ва судовари иқтисоди Тоҷикистон чун гидроэнергетика, саноати маъдани кўҳӣ, коркарди амиқи нахи пахта, меваю савзавот, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз алюминий ва ба соҳаи туризм мароқи зиёд зоҳир карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор соҳибкорони бонуфузи бузургтарин ширкатҳои Туркияро алоҳида ба ҳузур пазируфт.

Соҳибкорон изҳор доштанд, ки барои шиносоии наздик бо имконоти ҳамкорӣ баҳори соли оянда ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.

ҳамчунин қарор карда шуд, ки моҳи майи соли оянда форуми навбатии соҳибкорони ду кишвар барои расидан ба тавофуқоти бештари мушаххас дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Дар қисмати дуюми форум ба соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки бо шарикони турки худ мулоқотҳои рў ба рўи дуҷониба анҷом диҳанд. Барои чунин мулоқотҳо аз ҷониби созмондиҳандагони форум ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё гашта буд. ҳар як соҳибкори тоҷик имкон дошт, ки дар қабулгоҳҳои муваққатии худ бо чандин нафар аз ҳамтоёни туркии худ бевосита сўҳбат намоянд.

Сафари дурўзаи кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии Туркия бо самараи зиёд ба поён расид. Аз рўйи натиҷаҳояш ин сафарро метавон ба як сафари расмӣ баробар донист.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520