Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидвализода Барно Саиднабӣ
Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидвализода Барно Саиднабӣ 4 октябри соли 1973 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илми ҳуқуқшиносӣ.

Солҳои 1993-1996 дар вазифаҳои муфаттиш ва муфаттиши калони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, солҳои 1996-2009 дар вазифаҳои муфаттиш ва муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009-2012 дар вазифаи сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст. Аълочии милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дорандаи рутбаи ҳарбии полковники милитсия мебошад.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2012, №АП-1829 ба вазифаи муовини Директори Маркази миллии конунгузории назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз  21 феврали соли 2014, №АП-173 ба вазифаи муовини Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 майи соли 2017, №АП-875 ба вазифаи Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2016, №723 бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби як фарзанд мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520