Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Холзода Бобишо Нарзулло
Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Холзода Бобишо Нарзулло 25-майи соли 1965 дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод, дар оилаи коргар таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 7-фарзанд мебошад. Маълумоташ олӣ, соли 1990 факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси агрохимик-хокшинос, хатм намудааст. Номзади илмҳои кишоварзӣ мебошад.

Солҳои 1990 – 1993 ҳамчун ходими хурди илмии Пажуҳишгоҳи илми тадқиқотии хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, солҳои 1993-1996 Аспиранти таҳсилоти рӯзона ва солҳои 1996-1998 ходими калони илмии ҳамин Пажуҳишгоҳ кор кардааст. Солҳои 1998-1999 дар вазифаи мудири шуъбаи мелиоратсияи куҳии Пажуҳишгоҳи илми-тадқиқотии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва сипас солҳои 1999-2002 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи арзёбии иқтисодии замин ва пардохтҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2008 дар вазифаи сардори ҳамин шуба ва аз 8-майи соли 2008 ба ҳайси директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Муаллифи 2-китоб, 11 дастуру тавсияномаҳо ва 48 мақолаҳои илмӣ мебошад, ки 6 адади он дар хориҷи кишвар аз чоп баромадаанд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2017 Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.  

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ», аз 21 июни соли 2005, таҳти № 1569 ба Холзода Бобишо Нарзулло рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи 3 дода шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014,  № 245, бо медали «Донори ифтихории Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520