Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

24.07.2017 11:09, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо бо таманниёти беҳтарин Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуданд.  

Дар идомаи суҳбат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти самарабахши Шавкат Мирзиёевро дар маснади Роҳбари давлат дар ҷодаи таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими обруи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.

Ҳамзамон манфиатдорӣ ба тавсеаву такомули пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз гардида, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карда шуд.

Дар ин замина Сарони давлатҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши  беш аз пеши  муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520