Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

10.12.2010 19:00, Русия

Нимаи дуюми рўзи 10 – уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, доир ба мавқеи кишвари мо дар ҳаллу фасли масоили дар чаҳорчўби ин созмони минтақавӣ баррасишаванда андешаҳои ҷолиб баён дошт.

Баъди ҳамоиши имрўза раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷониби давлати Тоҷикистон гузашт ва иттилоъ дода шуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои ин созмон соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Чунонки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «Тоҷикистон дар соли раёсати худ ба татбиқи босамари Нақшаи чорабиниҳои асосӣ доир ба амалӣ намудани Консепсия ва Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои то соли 2020, ки соли 2007 дар Тоҷикистон тасдиқ шуда буданд, афзалият хоҳад дод.

Баъди ҷамъбасти ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз ҷониби сарварони Тоҷикистону Русия - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев анҷом дода шуд ва ба поён расидани барномаи сафари пурмаҳсули дурўза Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Маскав ба Ватан омад.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520