Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

27.07.2017 06:43, ноҳияи Балҷувон

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонону аҳли илму фарҳанги ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд.

Боиси қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳтар шудааст.

Истиқболи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели пуштибонии комили онҳо аз сиёсати созандагию бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520