Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон

27.07.2017 07:25, ноҳияи Балҷувон

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, тибқи талаботи меъмории замони муосир бунёд ёфтааст. Тарҳи ин бинои бошукуҳро дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абрис” таҳия кардааст. Корҳои сохтмониро мутахассисон ва сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фараҳноз” анҷом додаанд.

Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 0,2 гектар сохта шудааст. Арзиши лоиҳавии он маблағи 2 миллиону 170 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор маблағи 264 ҳазор сомонӣ танҳо барои ҷиҳозонидани утоқҳои бино бо таҷҳизотҳои зарурии соҳавӣ сарф гардидааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино 12 утоқи корӣ ҷойгир аст, ки ҳар яки он бо мизу курсии нав, ҷевонҳо, компютер ва дигар ашёи зарурӣ таъмин шудааст. Дар ошёнаи сеюм бошад, як маҷлисгоҳи барҳаво бо 80 ҷойи нишаст ва се утоқи меҳмонхона, ки дар онҳо тамоми шароити арзанда барои зист фароҳам оварда шудааст, воқеъ мебошад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон зиёда аз 40 коргари маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва музди меҳнати баланд таъмин гаштанд.

Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз утоқҳои ин бино ва шиносоӣ бо шароитҳои мавҷудаи корӣ, иброз намудаанд, ки минбаъд бо истифода аз чунин шароиту имкониятҳо мутахассисони соҳаи маорифи ноҳия ҷаҳду талоши худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон дар мактабҳои ноҳия дучанд намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520