Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг»

27.07.2017 07:26, ноҳияи Балҷувон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос гардиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дарозии роҳ 43 километр буда, сохтмони он дар километри 22-юми роҳи автомобилгарди лоиҳавии «Восеъ — Ховалинг» оғоз меёбад.

Барои бунёди роҳи мазкур 11,8 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои сарфагардидаи роҳи мошингарди «Восеъ-Ховалинг» ва маблағҳои грантӣ ин лоиҳа татбиқ мегардад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати нақлиёт барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Қайд шуд, ки тибқи лоиҳа ҳамзамон 6 пули мошингузар бо дарозии 500 метр дар болои рудхонаҳои ин масир аз нав барқарор карда хоҳанд шуд.

Ин купрукҳо дар натиҷаи рафтуомади автомобилҳои боркаш ба навсозӣ ниёз пайдо намудаанд, ки баробари амалигардии пурраи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» мушкили ронандагону мусофирон аз тариқи ин хатсайр рафъ мешавад.

Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг», ки аз шафати дарёҳо мегузарад, роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 ҳазору 640 метр пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳа қитъаҳои таъмирталаб, мавзеъҳои дохили минтақаҳои аҳолинишин ва 29 қубури обгузар, 7 қубури нав, 25 ҳазору 880 метр иншооти ҳимоявӣ, 4 ҳазору 870 метр роҳи пиёдагарди паҳноиаш аз 1,5 то 3 метр ва 19 ҳазору 390 метр ҷӯйбори оҳану бетониро дар бар мегирад.

Тавре зимни муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, муҳлати корҳои сохтмонӣ дар роҳи «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» 18 моҳро дар бар мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо тарҳи роҳи мазкур дар маркази ноҳияи Балҷувон бо фаъолони вилоят ва сокинони ноҳияи Балҷувон мулоқот намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳимро дар маркази ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар арафаи истиқбол аз солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520