Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

16.08.2017 06:04, шаҳри Бохтар

Субҳи рӯзи 16-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа роҳбарият, фаъолон  ва  сокинони  шарафманду  меҳнатдӯсти  вилоят  бо  самимияти хос ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон мулоқот ва вохӯриҳои судманд анҷом дода, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти ҳаётан муҳим аз ҷумла, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, бинохои  нави  муассисаҳои  таълимӣ иштирок карда, ба  сохтмони иншооти нав оғози расмӣ мебахшанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520