Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

02.12.2010 17:00, Қазоқистон

Аз 30 – юми ноябр то 2 – юми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Остона қарор дошт.

Рўзи якуми декабр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои ташаббуси баргузории ин мулоқот ва таъмини шароити хуби корӣ арзи сипос намуд.

Дар суханронии Президенти Тоҷикистон масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъии нақлиётию транзитӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми асосӣ доштанд.

Сарвари давлат ҳамчунин таваҷҷўҳи хоси ҳукумати Тоҷикистонро ба масоили таҳкими минбаъдаи демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, аз ҷумла озодии дин ва сухан дар кишвар таъкид намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як қатор мулоқотҳои муҳими дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина Виктор Янукович масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз рушди муносибатҳои дўстона ва ба боварии мутақобила асосёфтаи ду кишвар ва аз он, ки ба наздикӣ дар Украина сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Виктор Янукович низ ҳавасмандии Украинаро ба ифтитоҳи сафорати худ дар Тоҷикистон таъкид намуд.

Ба дурнамои ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарии ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Барои таъмини густариши бештари ҳамкории судманд ҷоннок намудани кори комиссияи муштараки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Украина зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ҳам гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Австрия Ҳанс Фишер масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз густариши ҳамкорӣ бо ин кишвари аврупоӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «ҳамкории сиёсии мо рў ба рушд мебошад ва машваратҳои сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф хислати мунтазам касб кардаанд».

Фаъол гаштани Комиссияи муштарак оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва барпо шудани робитаи мустақим миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар нишона аз ҳавасмандӣ ба тавсиаи ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак оид ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Австрия, ки аз 14 – ум то 16 - уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо натиҷаи арзишманд барои ҳарду кишвар анҷом меёбад.

Ҳанс Фишер изҳор дошт, ки барои густариши бештари муносиботи ду кишвар соли оянда Австрия дар Тоҷикистон мақоми Консули ифтихории худро таъсис хоҳад дод.

Барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия анҷом додани сафарҳои сатҳи олӣ ва ба имзо расондани санадҳои бунёдии ҳамкории ду кишвар зарур шумурда шуд.

Дар мулоқоте, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Ив Летерм дошт, таваҷҷўҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Брюсел ба имзо расида буданд ва дигар тавофуқоти мавҷуда зоҳир карда шуд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгироии Тоҷикистону Белгия дар чаҳорчўби Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳо, хусусан доир ба вазъи Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Ив Летерм, аз ҷумла изҳор дошт: - «ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тадбирҳои Тоҷикистон оид ба таъмини амнияту субот ва рушди иқтисоди минтақавӣ бояд таваҷҷўҳи бештар дошта бошад, зеро кишвари шумо бо Афғонистони ноором сарҳади хеле тўлонӣ дорад».


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нахуст ўро бо ҷараён ва анҷоми босамари ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо табрику таҳният гуфта, аз раёсати Қазоқистон чун як кишвари минтақаи мо дар ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ изҳори хушнудӣ намуд.

«Тоҷикистон ҳамеша аз ҳамаи тадбиру ташаббусҳое, ки кушодагии минтақаи моро ба ҷаҳониён нишон медиҳанд, дастгирӣ мекунад», - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз мўҳтаво ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону қазоқистон, аз ҷумла аз фаъол гаштани Фонди муштараки сармоягузорӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Густариши ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, хўрокворӣ ва кўҳкорӣ, дар истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва бунёди нерўгоҳҳои хурду миёнаи обӣ дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки то баргузории қарибулвуқуи Шўрои байнидавлатии Тоҷикистону қазоқистон созишномаҳои нав барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию сармоягузорӣ омода мегарданд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Зимни мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

Ҳиллари Клинтон нақши Тоҷикистонро дар барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон баланд азёбӣ намуда, барои мусоидат ба нерўҳои эътилофии посдори сулҳ дар ин кишвар ба Президенти мамлакати мо арзи сипос кард.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои минбаъд низ мусоидат намудан дар ин амри судбахш таъкид намуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба масоили пайваста ба мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа зоҳир карда шуд.

Ҳарду ҷониб масъалаи омодасозӣ ва бозомўзии кадрҳои низомӣ ва мутахассисони соҳаҳои кишоварзӣ, муҳандисӣ ва тиббиро барои Афғонистон яке аз василаҳои асосии барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвар арзёбӣ намуданд.

Зимни баррасии масоили вобаста ба ҳамгироии минтақавӣ ҷонибҳо густариши ҳамкории иктисодиро омили муҳими таҳкими сулҳу истиқрор дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон маънидод карданд.

Зимни сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Сарвазири Испания Мануэл Чавес Гонсалез масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон Испанияро «яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, аз ҳамгироии ду кишвар дар чаҳорчўби эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Мануэл Чавес Гонсалез «Тоҷикистонро кишвари аз ҷиҳати стратегӣ муҳими минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки «Испания тасмим дорад дар шаҳри Душанбе сафорати худро боз намояд». Ҷониби Тоҷикистон низ ба ифтитоҳи сафорати худ дар шаҳри Мадрид изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Мануэл Чавес Гонсалез аз номи ҳукумати Испания ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерўҳои посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.

Аз ҳамкории сиёсии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳарду ҷониб таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузориро, аз ҷумла дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли гидроэнергетика ва ҳамчунин дар соҳаҳои кишоварзӣ ва туризм, матлуб маънидод карданд.

Ба гуфти Мануэл Чавес Гонсалез, ширкатҳои бонуфузи Испания ба истифодаи муштарак аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон манфиатдор мебошанд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар чаҳорчўби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо, сурат гирифт.

Баъди анҷом сафари пурмаҳсули корӣ ба ҷумҳурии қазоқистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми дуюми рўзи 2 – юми декабр аз Остона ба Душанбе омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520