Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имзои як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

03.09.2017 06:39, Чин

Дар шаҳри Пекин дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими имзои Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 79 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 киловолтаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин Ноиби Президенти Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Пинг имзо карданд.

Ҳамчунин дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин маросими имзои як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои ҳастаӣ бо мақсади осоишта;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии рушди авиатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди коркарди системаҳои бесарнишини ҳавоӣ, барои мақсадҳои гуногун;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “Ғаюр Саноат” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Синхуа Тиен Чен”

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “Ғаюр” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Джинно гласс серамик групп”;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “ТАЛКО”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Юнан;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “ТАЛКО” ва Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн)

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати “ТАЛКО” ва Ширкати сармоягузории Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент.

Бо итминон гуфта метавонем, ки баъди имзои чунин санадҳои муҳими ҳамкорӣ тавассути бунёди коргоҳҳои муштараки саноатӣ,  маблағҳои зиёди сармояи ширкатҳои чинӣ ба иқтисодиёти кишвари мо ворид гардида, дар таъсиси ҷойҳои корӣ, истифодаи неъматҳои модии кишвар, рушди бахшҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба наздики 200 санадро ташкил медод ва он бахшҳои муҳимро дар бар мегирифт.

Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳури Мардумии Чин дар маҷмуъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520