Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо доираи соҳибкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

21.09.2017 17:52, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҳозирини гиромӣ,
Иштирокчиёни арҷманд, хонумон ва ҷанобон!

Бо камоли эҳтиром ҳар яки шуморо хайрамақдам гуфта, барои иштирокатон дар чорабинии имрӯзаамон изҳори сипос менамоям.

Рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сиёсати хориҷии мо ҷойгоҳи хосса дорад.

Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор аст.

То имрӯз миёни ду кишвар зиёда аз 30 санади ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидааст, ки  то андозае асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои моро тақвият мебахшад.

Ҳамкории кишварҳои мо дар соҳаи тиҷорату иқтисод баъди имзои Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ дар соли 2004 масири нави тавсеаро касб кард.

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 50 шахсони ҳуқуқӣ бо  сармояи амрикоӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ин корхонаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, сохтмон, алоқа ва хизматрасониҳои  молиявӣ  фаъолият дошта, мавқеи худро дар сохтори иқтисодии кишвар пайдо намудаанд.

Итминон дорам, ки ҳамкориҳои соҳибкорони ду кишвар минбаъд низ густариш  ёфта, ширкатҳои бузурги   амрикоӣ ҳаҷми сармоягузориҳоро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мо зиёд хоҳанд кард.

Ҳарчанд ки гардиши мол байни кишварҳои мо тайи солҳои ахир рӯ ба афзоиш ниҳода бошад ҳам, ҳаҷми он   қонеъкунанда нест.

Ва ин дар ҳолест, ки имконоти  ду кишвар дар ин арса васеъ буда, ҳанӯз пурра ба кор андохта нашудаанд.

Итминон дорам, ки бо истифода аз ин зарфиятҳо фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷоратии соҳибкорони амрикоӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ  пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин замина, қонунгузории мамлакат дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор гардонида шуда, дар он кафолатҳои ҳимояи сармоягузорон таъмин гардидаанд.

Танҳо тайи ду соли охир бо мақсади мутобиқ гардонидани иқтисодиёти кишвар ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зиёда аз 100 санади  меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла  зиёда аз 40 қонунҳои нав  қабул гардида, ба санадҳои меъёрии ҷорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.  

Ҷониби Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милал “Дар бораи эътироф  ва  иҷрои  қарорҳои арбитражи хориҷӣ”, инчунин Конвенсияи Гаагаро “Дар бораи апостил” ба тасвиб расонид.

Мавриди амал қарор гирифтани ин санадҳо тартиби ба қайд гирифтани фаъолияти соҳибкоронро сода гардонида, ҳифзи ҳуқуқии онҳоро тақвият мебахшад.

Бо мақсади сода гардонидани рафтуомади соҳибкорон дар кишвари мо навъи махсуси раводид - “сармоягузорӣ”  ҷорӣ карда шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасманд гардонидани соҳибкорон, мо аз механизми имтиёзҳои андозбандиву гумрукӣ ва дигар кафолатҳо васеъ истифода мебарем.

Айни замон дар Тоҷикистон қариб 240 намуди сабукиҳои андозӣ ва 70 шакли ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ҷорӣ гардидааст.

 Мавриди амал қарор гирифтани усули «равзанаи ягона» расмиёти   бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкоронро  аз сездаҳ то се адад ва мӯҳлати иҷрои онро то 3-5 рӯз ихтисор кард. 

 Ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ бошад, мӯҳлати гузаронидани чунин амалиётҳоро хеле коҳиш дод.

Дар заминаи  ислоҳоти номбаршуда  Тоҷикистон дар солҳои охир мавқеи байналмилалии хешро   аз лиҳози бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати байналмилалӣ  то андозае боло бурд.

Чунончи, дар рейтинги “Пешбурди Бизнес”-и Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон се маротиба  ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардид.

Соли равон бошад, Тоҷикистон ҳамчун кишвари бехатартарини  Осиёи Марказӣ мавқеи худро аз 76-ум ҷой то 49-ум дар байни 136 кишвар беҳтар гардонид.

Баробари ин дар таҳлилҳои омории Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ   Тоҷикистон ба қатори кишварҳои соҳаи саёҳиаш дар ҳоли рушд қарордошта ва даҳ кишвари  ҷолиб барои сайёҳон ворид гардид.

Ин ва дигар нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки мавқеи байналмилалии кишвар аз лиҳози дастгирии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тадриҷан баланд гардида истодааст.

  Аз ҷониби шарикони байналмилалӣ эътироф гардидани чунин дастовардҳои ислоҳотии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ин равандро ҳамаҷониба идома диҳем.

Ҳозирини гиромӣ !

Моҳи июли соли ҷорӣ  дар шаҳри Душанбе ҳамоиши нахустини Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - Тоҷикистон баргузор гардид.

Аксари шумоён, ҳозирини муҳтарам,  дар кори он ширкат варзида, оид ба имкониятҳои пешбурди бизнес дар Тоҷикистон ва  заминаҳои ҳуқуқии он маълумоти муфассал пайдо намудед.

 

Сарфи назар аз ин, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба чанде аз соҳаҳои мушаххас, ки  ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар онҳо бо ширкатҳои амрикоӣ манфиатдор ҳаст, ҷалб намоям.

Дар Стратегияи миллии рушди  Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  се ҳадаф – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти нақлиётӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ – ба ҳайси  вазифаҳои калидӣ муайян карда шудаанд.

Дар Стратегия ҳамчунин ҳадафҳои  табдил додани Тоҷикистон   ба кишвари саноативу аграрӣ мушаххас карда шудаанд.

Дар ин робита имрӯз дар назди мо вазифаҳои умдаи истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии худ, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва таъмини сатҳи баланди некуаҳволии аҳолӣ, ҳамчунин тавсеаи имкониятҳои шуғли он дар соҳаҳои истеҳсолӣ истодаанд.

Дар ин зимн, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои мавҷудаи табиӣ ва дигар афзалиятҳои худӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати сармоягузории кишвар ва соҳаҳои ояндадори иқтисоди он муайян гардидаанд. 

Ҷалби сармояҳои мустақим ва технологияи муосир  ба татбиқи лоиҳаҳои  энергетикӣ ва инфрасохториву  нақлиётӣ, ҳамчунин ба рушди истеҳсолоти саноатӣ, аз ҷумла бахши хусусии он,  дар сархати авлавиятҳои мо қарор дорад.

 Маълум аст, ки зербинои асосии рушди устувори иқтисод энергетика аст.

Тоҷикистон, бо вуҷуди надоштани захираҳои зиёди нафту газ, дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ аст.

Мо ният дорем ин сарвати худро ба нафъи  кишвар ва минтақаи бузурги Осиёи Марказиву Ҷанубӣ истифода намоем ва дар ин ҷода омодаи  ҳамкории созандаву мутақобилан судманд бо ҳамаи ҷонибҳои хоҳишманд ҳастем.

Бо ин мақсад Ҳукумати кишвар ҷиҳати бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ ва таҷдиди иқтидорҳои гидроэнергетикии мавҷуда мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

То имрӯз баҳри таъмини доимии аҳолӣ ва истеҳсолкунандагон бо “энергияи сабз”  беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои иловагӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар айни замон, корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи бузурги барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт босуръат идома доранд ва мо ба нақша гирифтаем, ки агрегати аввали онро дар охири соли оянда ба кор андозем.

Баъди анҷоми сохтмони ин неругоҳ  натанҳо эҳтиёҷоти афзояндаи дохилӣ ба неруи барқ қонеъ гардонида мешавад, балки Тоҷикистон дар минтақа мақоми  калонтарин содиркунандаи нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро пайдо менамояд.

Дар ин замина ба анҷом расонидани сохтмони  хати интиқоли барқи баландшиддати КАСА–1000 аҳаммияти хосса пайдо менамояд ва мо омодаем, ки дар татбиқи ин лоиҳаи минтақавӣ ҳамкории васеъро бо шарикони байналмилии худ ба роҳ монем.

Дар ин робита мехостам барои дастгирӣ дар пешбурди ин лоиҳа ба ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳори сипос намоям.

Қобили зикр аст, ки содироти барқи  Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон, имрӯз аллакай дар фасли тобистон сурат мегирад ва дар ҳоли ташаккули шабакаҳои нави минтақавии интиқоли барқ имконияти афзоиши содироти он пайдо мешавад.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити инфрасохторӣ низ  дар кишвари мо тадбирҳои лозима андешида мешаванд.

То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар мавриди истифода қарор дода шуданд.

 

Дар баробари ин мо чанде аз лоиҳаҳои инфрасохтории муштараки минтақавиро тарҳрезӣ намуда,  дар амалӣ гардонидани онҳо ба кумаку дастгирии шарикони худ ниёз дорем.

Мақсад аз ин лоиҳаҳо тавсеаи имкониятҳои транзитии минтақа тавассути қаламрави Афғонистон ба самти бандарҳои  Осиё Ҷанубу Шарқӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Пули замонавии болои дарёи Панҷ, ки бо кумаки бевоситаи ҷониби Амрико бунёд гардидааст, дар  ин  масир ҷойгир аст ва дар афзоиши тиҷорати мо бо Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ нақши муҳим дорад. 

Умуман, мо бар он ақидаем, ки  таҳкими раванди рушди устувор ва тақвияти ҳамкорию ҳамгироии минтақавӣ дар роҳи истиқрори вазъ дар Афғонистон омили қавие хоҳад буд.

Иштироки ҷониби Амрико дар амалӣ гардондани лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои иқтисодӣ   дар минтақа мусоидати фаъол хоҳад кард ва мо умед дорем, ки шумо, ҳозирини муҳтарам, онҳоро дар мадди назар хоҳед дошт.

Бахши истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкориҳои мо бошад.

Имкониятҳои Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатии рақобатпазир ва содироти он ба бозорҳои бурунмарзӣ хеле зиёданд.

Тоҷикистон захираҳои ғании табиӣ, аз ҷумла об ва маъданҳои минераливу ғайриминералӣ, иқлими мусоид ва қувваи кории кофӣ дорад.

 

Барои мавриди истифода қарор додани ин имкониятҳо сармоя ва технологияи муосир  лозим аст.

Соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, хурокворӣ ва аграрӣ, кимиёвӣ  ва дорусозӣ, истеҳсол ва коркарди маъданҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ва масолеҳи сохтмонӣ  аз   ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки соҳибкорон ва сармоягузорони амрикоӣ метавонанд дар онҳо фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Ҷанбаи дигари ояндадори ҳамкориҳои мо ин соҳаи саёҳӣ мебошад.

Тоҷикистон иқлими мусоид, табиати зебои дорои манзараҳои беназир ва ёдгориҳои зиёди таърихиву тамаддунӣ дорад, ки диққати саёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.

Бо назардошти ин имкониятҳо, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди   соҳа   барномаҳои махсуси давлатиро омода намуда, мавриди татбиқ қарор додааст.

Дар ин зимн барои фаъолият дар соҳаи саёҳӣ низ як қатор сабукиву имтиёзҳо, аз ҷумла ҷиҳати воридоти таҷҳизоту маводи дигар барои рушди инфрасохтори он, пешбинӣ шудаанд.

Тавсеаи чорчӯбаи ҳамкориҳо дар ин соҳа, бешубҳа, боз як омили муассири рушди самарабахши  робитаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳоямон хоҳад шуд.

Ҳозирини гиромӣ,

Иқтисоди Тоҷикистон бозорест ки ҳанӯз пурра аз худ нашудааст ва имкониятҳои фароху фаровони ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро дорад.

Дар ин замина аз Шумо даъват ба амал меорам, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди кишвари  рӯ ба тараққии мо қадамҳои устувор гузошта, дар раванди рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳоямон саҳмгузор бошед. 

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушода” аст ва мо аз ҳамагуна иқдомоту пешниҳодоти  нек ва созандаи шарикони байналмилалиамон, ки  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори муҳимтарини онҳо қарор дорад, ба хушӣ истиқбол менамоем.

Ба ҳамаи шумо дар фаъолияти пурмасъули кориатон тавфиқ ва дастовардҳои навин орзу менамоям. 

Ташаккур.

text-align: justify;

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520