Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

21.09.2017 20:38, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд,
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Президенти муҳтарами Бонки ҷаҳонӣ,
Ҳозирини гиромӣ,

Пеш аз ҳама, барои ташкили ҷаласаи имруза ва даъват барои ширкат дар он изҳори миннатдорӣ менамоям.

Фаъолияти Панели мо ба раванди баланд бардоштани дарки моҳияти об барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор такони хуб бахшид.

Нақшаи амали Панел барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 кишвари пешоҳанг дониста шуда, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дод.

Маҷмаи Умумии Созмони Милал 21 декабри соли гузашта қатъномаи худро вобаста ба Даҳсолаи нав бо иттифоқи оро қабул намуд.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи мазкур боз ҳам баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об буда, барои муттаҳид сохтани талошҳои мо дар ин самт кумак хоҳад кард.

Вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсола мо Консепсияи татбиқи онро бо маҷмуи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Панел пешниҳод карда, барои  амалӣ намудани  он ҷаҳд намуда истодаем.

Дар сатҳи миллӣ бошад, мо Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Даҳсола қабул карда, барои амалӣ намудани он Маркази махсус ва ҷиҳати назорати иҷрои он Кумитаи тадорукотро дар назди Ҳукумати кишвар таъсис медиҳем.

Дар ин робита дирӯз мо чунин як чорабиниро бо иштироки ҳайатҳои кишварҳо, Созмони Милал ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ барпо намудем.

Ман итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои Даҳсола васеъ истифода хоҳад кард ва дар ин давра шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳозирини гиромӣ,

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускор тасмим гирифтааст, ки дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ҳар ду сол чорабиниҳои сатҳи баландро оид ба раванди татбиқи Даҳсола баргузор намояд.

Аз нигоҳи мо ин як платформаи хубест барои баррасии масъалаҳои умдаи вобаста ба об.

Аз ҷумла ташкил намудани чунин конфронс моҳи июни соли 2018 дар назар аст, ки метавонад дар баррасии Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об саҳми муносиб гузорад.

Барои таваҷҷуҳатон изҳори миннатдорӣ менамоям.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520