Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

05.10.2017 13:36, шаҳри Душанбе

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Президенти Ҷумҳурии Беларус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати зодрузаш самимона табрик намуда, ба ӯ тамманиёти неки худро иброз дошт.

Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.

Сарони давлатҳо дар фазои дӯстона ва созанда, ки хоси муносибатҳои байни Тоҷикистону Беларус мебошанд, атрофи ҳолати кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.

Президентҳои Тоҷикистон  ва Беларус дар суҳбати телефонӣ ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520