Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе

18.10.2010 15:00

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сўҳбати телефонӣ анҷом дод.

Раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2010-2011 ва рафти ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама пахта гузориш доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро вазифадор намуд, ки барои тезондани ҷамъоварии ҳосили фаровони пахта ва зироатҳои кишти такрорӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар сўҳбати телефонӣ бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷўҳи асосӣ ба омодагӣ ба зимистон ва корҳои ободонии пойтахт зоҳир гардид.

Ба Раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки баҳри омодагии ҷиддӣ ба мавсими зимистон, аз ҷумла захираи маводи ғизоӣ ва сўзишворӣ, сариштакорона истифода бурдани нерўи барќ ва пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан тадбирҳои муассир амалӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки барои бо нархҳои дастрас таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ярмаркаҳои фурўши чунин маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон ташкил ва гузаронда шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520