Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Мадани

16.10.2017 15:23, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Маданиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз таҳкиму густариш ёфтани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имконият доранд, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва маориф ба роҳ монда, нақши Комиссияи байниҳукуматии муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникиро дар татбиқи ин ҳадафҳо фаъолтар гардонанд.

Ба фаъолияти Маркази Шоҳ Салмон оид ба кӯмакҳои башардӯстона дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи фаъолияти ин марказ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои муҳими роҳу нақлиёт, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Тоҷикистон, таҷдиди Маркази таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ боз ҳам тақвият дода мешаванд.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ, хусусан тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосирро баррасӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520