Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф

16.10.2017 15:29, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф мулоқот намуданд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Африка дар соҳаҳои гуногун дорои дурнамои нек арзёбӣ гардид ва дар ин росто ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои комили дуҷониба бо тамоми кишварҳои ин минтақа таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангии байнидавлатӣ ва тамосҳои корӣ байни мақомоти амниятии ду давлат фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба татбиқи иқдомҳое, ки барои таъмини рушди устувори минтақаҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълону татбиқи чорабиниҳои даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва дарёфти роҳи осоиштаю мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳо дар минтақа ва ҷаҳон равона шудаанд, таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои фарогири таъмини амнияту субот ва мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби аср мавриди баррасӣқарор дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520