Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол

16.11.2017 11:30, шаҳри Истиқлол

Пас аз ифтитоҳи Корхонаи металлургии Ширкати саноатии куҳии Тоҷикистону Хитой ва шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳи мазкур дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Корхонаи металлургии "Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой" ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли сокинони шаҳри Истиқлолро ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи бузурги саноатии мамлакат, ки дар рӯзҳои таҷлили 25 - солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рост омад, табрику муборакбод гуфтанд.

Сарвари давлат ба сармоягузорон, мутахассисону сохтмончиён, аз ҷумла ба роҳбарияти "Ширкати куҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой", ки дар бунёди ин корхонаи азими саноатӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуданд.

Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи металлургии Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлол боз як қадами ҷиддӣ ба сӯи саноатикунонии мамлакат мебошад.

Ифтитоҳи корхонаи бузурги саноатӣ идомаи раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон буда, нақши ин коргоҳи бузурги истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноати миллӣ, афзудани иқтидори истеҳсолии мамлакат, даромади буҷет, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, бахусус, рӯзгори сокинони шаҳр ва вилоят муассир хоҳад буд.

Зимни вохӯрӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди роҳбарияти вилоят ва шаҳр доир ба беҳтар намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Пас аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Юе Бин ва намояндагони касбу кори гуногун, собиқадори меҳнат Саодат Муҳаммадиева, коргарони ҷавони корхонаи навтаъсис Эмомалӣ Норов ва Абдуғаффор Ҷабборов  баромад карданд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Юе Бин зимни суханронии хеш аз рушди муносибатҳои дӯстию шарикии стратегии роҳбарон ва ҳукуматҳои ду кишвар ва дастгириҳои Президенти мамлакат оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бар нафъи мардумони Тоҷикистону Хитой андешаронӣ кард.

Сокинони шаҳри Истиқлол бошанд, барои туҳфаи арзанда, корхонаи бузурги саноатӣ, ки боиси таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, инчунин омили муҳими ғанӣ гардидани буҷаи шаҳр мегардад, изҳори сипоси бепоён карданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳр барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғди бостонӣ бо кору фаъолияти созандаи худ дар баланд бардоштани натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон ва таъмини рӯзгори шоистаи мардуми мамлакат минбаъд низ саҳми сазовор мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520