Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл

17.11.2017 14:08, шаҳри Хуҷанд

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Фармоишгари Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов» оилаи Тоҷибоевҳо ва пудратчии иншоот «Доро Инвест» мебошад. Маҷмаа бо сарфи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Масоҳати зери бинои ин иншоот 625 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 600 ҷойи нишаст дар ду толор мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар канори он барои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст. Корҳои ободонии гирду атроф низ ба анҷом расиданд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот то 60 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд. Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд.

Мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳангу маданият, маҳорати хос, кадбонуҳои ҳунарманд ва таъомҳои бисёри болаззати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон машҳур аст. Шӯҳрати ҷаҳонии кишвари мо баъди аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани забон, таърих, фарҳанг, маданият, расму оинҳои қадимаи аҷдодӣ, оинҳои неки башардӯстӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси сарзамини бостонӣ афзун шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маркази нав, ки ба хотири рушди ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии таъомҳои миллӣ бунёд шудааст, ба соҳибкорон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки чунин марказҳо бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар маркази пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе таъсис дода шаванд, то ин ки меҳмонони хориҷӣ бо лаззати таъомҳои миллӣ шинос шаванд.

Баъди ифтитоҳи Маҷмааи миллии “Маркази Оши палов” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 160 нафар ятими кулли навраси шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин тадбирҳо дар рӯзҳои ҷашни санаи муҳими таърихӣ-25-умин солгарди Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, боз як иқдоми неку башардӯстонаи Сарвари давлат нисбат ба табақаи ниёзманди ҷомеъа мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мардуми саховатманди диёр-онҳоеро, ки шароити хуби иҷтимоию иқтисодӣ доранд, даъват мекунанд, ки доимо аз ҳолу аҳволи табақаи эҳтиёҷманд, нафақахӯрон, камбизоатон, маъюбон ва ятимону бепарасторон огоҳ бошанд ва ҳар сари вақт ба онҳо кумаки моддӣ расонанд.

Дар ин рӯз баробари тақдими туҳфаҳои хотирмону арзишманд ба ятимон, ҳамчунин дастархони пурнозу неъмат ороста шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520