Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларза зарардида дар ноҳияҳои Рашт

16.05.2012 17:00, ноҳияи Рашт

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи рӯзи 13-уми май зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар кард.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар натиҷаи боришоти пайиҳам ва заминларзаи шадид, ки субҳи рӯзи 13 май дар Тоҷикистон рух дод, даҳҳо манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳо дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт пурра ва ё қисман хароб гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, аз хонаҳои истиқоматии осебдида дар деҳаи Лангараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх дидан кард ва бо мардуми зарардида аз наздик суҳбат намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ду деҳаи ноҳияи Рашт 8 хона пурра ва 16-тои дигар қисман хароб шудааст. Чанд-тои онҳо, ки дар деҳаи Лангарак қарор доштанд, аз зарби теппаи дар натиҷаи боришоти зиёд ва заминларза фурӯдомада хароб гаштааст.

Ба ҳамаи осебдидагон маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ ва ҳамчунин хаймаҳо дастрас карда шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дод, ки хонаҳои харобгаштаи ноҳияи Раштро то моҳи сентябри соли равон бо ашёи рӯзгорашон барқарор намоянд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки хонаҳои дар мавзеъҳои осебпазир қарордошта ба маҳалҳои бехавф кӯчонда шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520