Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таиноти кадрӣ

12.12.2017 11:39, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардида, Сардорони Раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мақомоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии вазорат иваз карда шуданд.

Оид ба интихоб ва бозхонди Судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Точикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифаи муовини Раиси Суди Олӣ интихоб гардидани Исҳоқӣ Амирхон, Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Аланазарзода Шароф, Тағозода Абдуқаҳҳор, Аҳмадзода Ҷамшед, Комилзода Илҳом, инчунин ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардидани Комилӣ Файзалӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намуданд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Хисрав аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод гардида, Рауфов Сӯҳроб ба ин вазифа таъин гардид.

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, сардорони раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҳамадонӣ, Хуросон, Ёвони вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Истиқлол, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Нуробод, Файзобод ва сардорони як қатор раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисос, соҳибтаҷриба ва содиқу поквиҷдон таъин гардиданд.

Зимни суҳбати самимӣ ва ошкоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намуданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар роҳи таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ барору комёбӣ орзу намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520