Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

26.12.2017 22:55, Русия

26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба шаҳри Москва омаданд.

Мубодилаи афкори озоди сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаро гирифт.

Дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо дар фазои ҳусни эътимод вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоюлҳои нигаронкунандаи соли 2017-ро дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохӯриро ба яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ - ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон ҷалб намуданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибдори тақвияти минбаъдаи ҳамдастӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ мебошад.  

Бо ишора ба вазифаҳои дарпешистодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти асосии Консепсияи дар соли 2018 дар он раисӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ доданд. Масъалаҳои вобаста ба таъмини амният дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳод, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳое, ки дар чорчӯби Иттиҳод ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин пешбурди робитаҳои гуманитарӣ ба ҳайси самтҳои афзалиятноки раисии Тоҷикистон дар ИДМ муайян карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори итминон карданд, ки дар соли оянда рушди ҳамкориҳо дар чорчӯби Иттиҳод идомаи созанда хоҳад ёфт ва ба ҳамтоёни худ дар соли нав саодату рифоҳ ва комёбиҳои навин дар татбиқи нақшаҳои муайянкардаашон орзу намуд.

Пас аз иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргаштанд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520