Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мубоҳисоти умумии иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид

23.09.2010 22:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Субҳи рўзи 23 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисоти умумии иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин ҳамоиши бузург ҳамчунин роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бразилия, Швейтсария, Покистон, Қатар, Украина, Хитой ва ғайра суханронӣ намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз тасдиқ шудани азми қавии роҳбарони кишварҳои ҷаҳон баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола изҳори қаноатмандӣ намуда, барои бо самараи дилхоҳ ба амал баровардани онҳо як қатор пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати кишварҳои рў ба инкишофро доир ба ду баробар зиёд намудани ҳаҷми кўмакҳои расмӣ барои рушд мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон таъкид дошт, ки «ҷудо кардани маблағҳои иловагии берунӣ барои рушд набояд бори сангини қарзи ин мамлакатҳоро боз ҳам вазнинтар созад, зеро бе ин ҳам шароити молиявии аксари онҳо бар асари бўҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ниҳоят мураккаб гаштааст».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи зиёд ба соддагардонии низом ва шароити тиҷорати байналмилалӣ зоҳир намуда,аз ҷумла изҳор дошт: -«Ба а?идаи мо, низоми ти?орати байналмилалӣ, хусусан дар давраи бўҳронҳо, бояд кушодаю самимона, одилона, пешгўишаванда ва озод аз маҳдудиятҳо бошад ва дар заминаи қоидаҳои мувофиқашуда амал намояд».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва биёбоншавӣ, ҳифзи гуногуннавъии биологӣ, истифодаи босамари захираҳои обӣ аз шартҳои асосии расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаанд. Чунонки дар суханронӣ таъкид гардид, «тағйирёбии и?лим масъалаи бе ин ҳам душвори камбуди оби тозаро дар минта?а?ои алоҳидаи сайёра, аз ҷумла Осиёи Марказӣ боз ҳам душвортар мегардонад». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «дар зарфи 30 соли охир аз 14 ҳазор пиряхи ҳудуди Тоҷикистон ба нестӣ расидани зиёда аз 1000 адади онҳоро натиҷаи гармшавии иқлим ва аз ҳад зиёд ба фазо рафтани партовҳои карбонӣ дар минтақа» номид.

Ба хотири пешгирӣ аз ин ҳолат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гузариши саросарӣ ба истифодаи манбаъҳои бар?ароршавандаи энергияро амри зарурӣ маънидод карда, таъкид дошт: « Дар робита ба ин, Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро дар асоси азхудкунии комплексии манбаъҳои барқароршавандаи энергия пайгирона ва мақсаднок тараққӣ хоҳад дод. Дар кишвари мо баробари сохтмони нерўгоҳҳои барқии хурду миёна амалӣ сохтани барномаҳои миқёсан бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ гардида, масъалаи истифодаи энергияи шамол ва офтоб низ мавриди омўзиш қарор дорад».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дшт, ки «ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об ҳамкориҳоро дар самтҳои дигар ба нестӣ набурда, баръакс онҳоро бояд тавсеа бахшад».

Ба ин хотир ў бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро доир ба Соли дипломтияи об дар ҷаҳон эълон намудани соли 2012 ба миён гузошт.

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили муборизаи глобалӣ бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, «ҳарчи зудтар ҳамоҳанг ва қабул кардани муоҳидаи фарогирро дар бораи мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ иқдоми муҳим» номид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520