Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу

22.09.2010 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони конфронси исломӣ яке аз равандҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ намуда, ҷонибдори тавсеи робитаҳо бо ҳама кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз мебошад», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Дар шаҳри Душанбе баргузор гаштани Ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ, ки рўзҳои 18-20 майи соли 2010 ҷараён гирифта буд, пеш аз ҳама, “шаҳодати таваҷҷўҳи афзояндаи ин Созмон ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва таъкидгари нақши фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа дар таърихи дини мубини ислом” маънидод гардид.

Таъкид карда шуд, ки “Созмони Конфронси Исломӣ метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар миёни кишварҳои мусулмонӣ, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор, нақши хеле муҳим ва муассир дошта бошад”.

Таъсиси Фонди ҳамбастагии исломӣ бо сармояи 10 миллиард доллари амрикоӣ ва Идораи махсус оид ба кўмакҳои башардўстона дар ҳолатҳои фавқулодда аз намунаҳои мушаххаси иқдомҳои амалӣ арзёбӣ карда шуд.

Биноан сармоягузории Бонки Исломии Рушд дар самтҳои афзалиятнок ва стратегӣ – энергетика, зербинои истеҳсолӣ, техникию технологӣ ва таъминотӣ, иттилоот ва коммуникатсия, саноат, обрасонӣ ва туризм чун омили пешрафт ва тақвияти нерўи умумии кишварҳои мусулмонӣ зарур шумурда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520