Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар машварати Мизи мудаввари маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар мавзўи «Мусоидат ба рушди устувор»

21.09.2010 22:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Субҳи рўзи 21 – уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати Мизи мудаввари маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар мавзўи «Мусоидат ба рушди устувор» иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи иштирокдорони ҳамоиш ва аҳли башарро ба масоили истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои табиӣ ҷалб намуд.

Дар ин суханронии ў таъкид гардид, ки «барои то ҳадди имкон кам намудани таъсири омили инсонӣ ба табиат моро зарур аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ барои мутобиқсозии раванди муосири инкишофи инсоният ба имкониятҳои маҳдуд ва фарсояндаи табиат чораҳои таъхирнопазир андешем».

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, «тақдири талхи баҳри Арал намунаи истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ аз ҷониби инсон мебошад, ки сабаби зиёда аз 10 баробар кам шудани ҳаҷми оби он гардида, ба проблемаи экологии миқёси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст».

Сарвари давлати Тоҷикистон аз тавсияҳои Эъломияи Душанбе, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ баҳри арзёбии иҷрои тадбирҳои миёнамўҳлати Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» рўзҳои 8-9 – уми июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе қабул гардида буд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки «иштирокдорони он конфронс барои ба даст овардани ҳадафи панҷоҳ фоиз кам кардани теъдоди одамоне, ки ба оби тоза ва санитария дастрасӣ надоранд, изҳори азми қатъӣ кардаанд ва барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ҳамаи тадбирҳоро меандешанд».

Чунонки дар суханронӣ таъкид гардид, «Эъломияи Душанбе ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои мададрасонро даъват менамояд, ки ҳамкориро дар соҳаи захираҳои об васеъ намуда, кўмакро ба давлатҳо ва минтақаҳои дар татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола қафомонда афзун намоянд».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки баргузории он дар соли 2012 ба нақша гирифта шудааст, дар амалисозии Рўзномаи асри XXI заминаи муҳим хоҳад гашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520