Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохўрӣ бо олимон-омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

01.09.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Омўзгорони мўҳтарам!
Донишҷўёни азиз!

Имрўз мо ба ифтихори Рўзи дониш дар «Шаҳраки донишҷўён»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъ омадаем. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рўз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва арзишҳои маънавӣ бо шукўҳи хоса ҷашн гирифта мешавад. ҳоло мову шумо рўзи донишро дар соли бисёр муҳиму хотирмон - Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар кишварамон таҷлил мекунем.

Рўзи 1 – сентябр инчунин дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рўзи сулҳ қайд карда мешавад. ҳамасола дар кишварҳое, ки соли таҳсил аз якуми сентябр шурўъ мегардад, дарси аввал маҳз Дарси сулҳ ном дорад.

Ин, албатта, бесабаб нест. Шароити кунунии пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки мо низ нисбат ба хатарҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории фаромарзӣ ва даҳҳо дигар падидаҳои хатарнок, ки ба амният ва сулҳу субот дар ҷаҳон таҳдид менамоянд, бетараф набошем.

Воқеаҳои моҳҳои охири дар минтақа рухдода бори дигар собит сохтанд, ки Осиёи Марказӣ чун нуқтаи муҳими рақобати геополитикӣ ва геостратегӣ дар чорроҳаи бархўрди манфиатҳои мухталиф қарор дорад. Ин далел тақозо мекунад, ки бояд мо сиёсати басо санҷида ва ботавозунро дар муносибатҳои дохиливу хориҷии худ амалӣ намоем.

Вобаста ба ин бори дигар андешаеро, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр карда будам, таъкид карданӣ ҳастам: Осиёи Марказӣ чун нуқтаи хеле ҳассос ва нозуки сайёраи мо набояд арсаи бесуботӣ ва бархўрди манфиатҳо бошад, балки маркази пайванди онҳо гардад.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар як кишвар, ҳар як миллат, махсусан барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, бузургтарин неъмати дунё маҳсуб меёбанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла омўзгорону устодон, донишҷўёну мактабиён, инчунин ҳамаи онҳоеро, ки имрўз нахустин бор ба остонаи мактаб ва донишкадаҳову донишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қадам мегузоранд, ҳар кадоми шумо, ҳозирини мўҳтарамро бо Рўзи дониш, оғози соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ самимона табрику таҳният мегўям.

Мусаллам аст, ки рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа бе ривоҷи илму фарҳанг ва донишу технологияи пешрафтаи муосир ғайриимкон аст.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон баръало нишон медиҳад: кишваре, ки ба рушди соҳаи илму маориф, бахусус илмҳои техникӣ ва технологияи муосир таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад, ба пешравию шукуфоӣ ноил мегардад.

Бо мақсади пешрафт ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав, беҳтар гардидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави олимони соҳаи техника дар кишвар ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд. ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ мебошад, ки таҳкурсии он дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун гузошта мешавад.

Вобаста ба ин ҳукумати кишвар “Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техники”-ро таҳия ва тасдиқ намуд, ки он бевосита ба ташаккули донишҳои техникӣ, тарғиби фарҳанги техникӣ, фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ва ба ин васила муваффақ гардидан ба дастовардҳои соҳаҳои техника ва технология равона шудааст.

То имрўз аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ сохтани Нақшаи мазкур корҳои муайян анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» ва «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Дар натиҷа дар муддати начандон тўлонӣ муносибати аксари ниҳоду воҳидҳои соҳаи маориф дар иртибот ба омўзиш ва истифода аз технологияи муосир, фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ба таври мусбат тағйир ёфт. Инчунин дар шуури хонандагон ва толибилмон низ таҳаввулоти муайяне ба вуқўъ пайваст. Имрўз байни хонандагони мактабҳои миёна муносибат ба интихоби касб тағйир ёфтааст. Маъракаи «Довталаб – 2010» нишон дод, ки имсол хатмкунандагон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар ихтисосҳои соҳаҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникиро интихоб намудаанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби омўзгорон ва ҳам хонандагону донишҷўён истифода аз технологияи муосир ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 ҳаргиз ба он маъно нест, ки мо дар муддати як сол ба тамоми ҳадафҳоямон мерасида бошем. Муҳим он аст, ки аз ин роҳ метавонем заминаи мусоидеро барои рушди донишҳои техникӣ дар давраҳои баъдӣ муҳайё сохт. Ин иқдом як такони ҷиддӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.

Мо ба ин мақсад танҳо дар сурате мерасем, ки агар шаҳрвандон, махсусан ҷавонони кишвар бо донишҳои амиқу дақиқи техникӣ фаро гирифта шуда, нерўи техникию технологии кишвар ҳар чи бештар пурқувват гардонида шавад.

ҳадафу мароми ҳукумат иборат аз он аст, ки илму дониш дар кишвари мо ба арзишҳои воло табдил ёфта, аз ҷониби олимон, бахусус олимони ҷавон кашфиёту ихтирооти нав ба вуҷуд оянд. Барои илмҳои бунёдӣ пояҳои мустаҳкам гузоштан зарур аст, то ки дастовардҳои илми ватанӣ на танҳо дар хизмати мардуми тоҷик, балки башарият қарор гиранд.

Фаромўш набояд кард, ки кашфиётҳои нодири илмии бузургони миллатамон дар гузаштаву имрўза аз ҷониби ҷаҳониён эътироф гардида, дар кишварҳои гуногун ҳамаҷониба истифода мешаванд.

Вобаста ба ин мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба як нукта ҷалб намоям. Гузаштагони миллати тоҷик, саҳми арзандаи бузургони он амсоли Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино, ал-Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Хайём ва садҳо тан аз нобиғаҳои ин миллат дар ривоҷу равнақи илму фарҳанг, махсусан кашфи донишҳои дақиқ парчамбардорони илму фарҳанги ҷаҳонӣ буданд.

Пайғамбари ислом низ беҳтарин шуғлро барои мусулмонон касби илм ва таълими илм дониста, таъкид сохтааст, ки ман барои омўзгориву муаллимӣ фиристода шудаам ва касе илме биёмўзад ва ё илме биомўзонад, ў мақоми касеро дорад, ки дар роҳи Худо талош мекунад.

Саромадон ва мутафаккирони маъруфи тоҷик кўшиш кардаанд, ки мундариҷа ва мўҳтавои осори хешро ба ҷустуҷўи ҷавҳари илм бахшанд. Онҳо ҳамчун олим ва муҷтаҳидони бузургу нуктасанҷ дар илмҳои мухталифи даврони худ кашфиётҳои бузургеро анҷом доданд.

Каломи равону дилпазир ва таҳлили амиқи илмие, ки дар осори мутафаккирони мо дида мешавад, аз ихлоси бузурги онҳо ба илму дониш ва аз таҷрибаи бузургашон дар эҳёи илмҳо башорат медиҳад.

Онҳо дар баробари улуми диншиносӣ илми адаб, ҳандасаву нуҷум, тиб, риёзиёту табиатшиносӣ, таъриху ҷуғрофия, фалсафа ва дигар равияҳои илми замони хешро инкишоф медоданд.

Осори Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва даҳҳо тан аз нобиғаҳои асрҳои миёна ҳамчун сарчашмаи мўътамад дар омўзиши илми тиб ба шумор мераванд. Олимони бузурги тоҷик дар соҳаи тиб усулҳои мукаммали ташхиси беморӣ, муолиҷа ва ҷарроҳиро кашф ва ривоҷ додаанд. Аз миёнаи асри XVI «Ал-қонун»-и Ибни Сино ва «Тибби Мансурӣ»-и Закариёи Розӣ дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун воситаи таълим дар омўзиши илми тиб истифода мешуданд. Духтурони чашм дар Англия то охири асри XVIII аз китоби Алӣ ибни Исои Бағдодӣ «Роҳнамои чашмпизишкон» ҳамчун китоби дарсӣ истифода мекарданд.

Олимони Шарқи асримиёнагӣ дар илмҳои ситорашиносӣ ва ҳисоб низ саҳми босазое гузоштанд. Осори ал-Хоразмӣ, Хайём, Хоҷа Насриддини Тўсӣ ва дигарон аврупоиёнро бо низоми ҳисоби даҳӣ ва илми алҷабр шиносонданд, ки баъдан дар Аврупо бо номи «алгебра» машҳур шуд. Онҳо дар баробари рушди илму маориф низоми таълимро низ хеле ривоҷ доданд.

Дар аксар шаҳру мамлакатҳои мусулмонӣ донишгоҳҳое аз қабили «Низомия», «Мустансирия», «ҳалавия», «ҷавзия», «ал-Азҳар» ва ғайра вуҷуд доштанд, ки асосгузорони онҳо фарзандони фарзонаи Машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон низ буданд. Маҳз ин мадрасаҳои олӣ барои пайдоиши нахустин донишгоҳҳои аврупоӣ дар асрҳои минбаъда ҳамчун намуна хидмат карданд.

Аввалин донишгоҳҳои Аврупо баъди таъсиси донишгоҳи «Низомия», ки бунёди онро Низомулмулки тоҷик гузошта буд, ба вуҷуд омадаанд ва дар ибтидои фаъолияти худ осори ниёгони моро дар баробари дастовардҳои илмии аврупоиён тарҷума намуда, ба шогирдон таълим медоданд.

Муҳаққиқи фаронсавӣ Робер Бриффо барҳақ гуфтааст: «ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки агар мо аз илму фарҳанги исломӣ бархурдор намешудем, тамаддуни муосири Аврупо аслан ба вуҷуд намеомад. Мусаллам аст, ки агар онҳо намешуданд, тамаддуни мо шаклу ранги имрўзаашро намегирифт ва ба марҳалаҳои нави инкишоф ворид намешуд».

Хидмати мутафаккирони бузурги мо, ки дастпарварони як Фарҳангистони мукаммал ё худ Академияи нодири илмӣ буданд, имрўз низ намунаи олии фидокорӣ дар роҳи илму маърифат мебошад.

Аз ин рў, шумо ҷавонони илмдўсти тоҷик бояд сазовори номи он нобиғаҳои оламшумул гардед ва бо тадқиқоту ихтирооти тозаи худ шўҳрати илми ватаниро баланд бардоред.

Мо аз кашфиётҳои бузурги олимони муосирамон дар соҳаҳои зилзиласанҷӣ, ситорашиносӣ, бостоншиносӣ, тиб, илмҳои дақиқ ифтихор дорем, зеро натиҷаи тадқиқоти онҳо дар саросари ҷаҳон истифода гардида, ҳатто бо номи баъзе аз олимони тоҷик номи ситораҳоро гузоштаанд. Имрўз майдони илму маориф барои олимон фарох буда, халқ аз намояндагони арҷманди хеш осори нодир ва кашфиётҳои навро интизор аст.

Чунки дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти муосири илму техника ва технология бе ихтирооти тоза, бе мутахассисони варзида ва дорои малакаи баланди касбӣ пешрафти ҷомеа ғайриимкон аст.

Аз ин рў, Вазорати маориф, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Академияи илмҳоро зарур аст, ки дар самтҳои асосии рушди техника ва технологияи муосир нақшаи асосноки таълиму тарбияи мутахассисони ҷавонро пешниҳод намоянд.

Такя ба нерўҳои ақлонӣ – зиёиёни мамлакат ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва илму дониш мебошад. Ин мавқеи эътимодбахши ҳукумати ҷумҳурӣ таи солҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.

Бесабаб нест, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз нахустин марҳилаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба нерўҳои ақлонии мамлакат таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда, дар ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ аз фикру андеша, хулосаҳои собитшудаи илмӣ, донишу малака ва таклифу пешниҳодҳои онҳо самаранок истифода менамояд.

Асри XXI – садаи рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳури уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, дараҷаи омўзиш ва татбиқи амалии онҳо пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фаъолияти пурсамари шумо – омўзгорон ва таҳсили босифати мактабиёну донишҷўён вобаста аст.

ҳоло талаботи замон ба фаро гирифтани илму дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм ба манбаи арзишманд, нерўи истеҳсолкунанда ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст. Вобаста ба ин ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як шахс дар ҷомеа бояд соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар бошад.

Дар робита ба ин аз уламои дин ва имомхатибон тақозо мешавад, ки дар баробари тарғибу ташвиқи фарҳанги исломӣ дар мавъизаҳои худ бештар ба моҳияти омўзиши касбу ҳунар, илму дониш барои ҷавонон таваҷҷўҳ намоянд. Зеро дар ҳадиси Расули акрам омадааст, ки илм агар дар Чин бошад, биомўз.

Рушди минбаъдаи мактаб пеш аз ҳама ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор ва омўзгорони сазовори касби хеш алоқаманд аст. Бинобар ин, агар имрўз ба тарбияи ворисони соҳибмаърифати илму донишандўхта ва содиқ ба миллату Ватани хеш бо ҳисси масъулият муносибат накунем, ифтихори миллии мо тадриҷан ба зоҳирпарастӣ табдил ёфта, сарфарозӣ аз дастовардҳои бузургони гузаштаамон маънои худро гум хоҳад кард.

Беҳдошти сифати таълим, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмию тадқиқотӣ, тақвият бахшидани самтҳо ва равияҳои тадқиқоти кафедраҳо, фаъолияти маҳфилҳои илмии донишҷўён, ҷалби ҷавонони боистеъдод ба корҳои илмию тадқиқотӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ, ҳавасмандсозии омўзгорони ҷавон яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи маориф ва дар ҳамин замина ташаккули тафаккури техникӣ ба шумор мераванд.

Дар баробари ин, аз курсҳои аввал ба қобилият ва зеҳни донишҷӯён таваҷҷўҳ намуда, беҳтарини онҳоро ба корҳои илмиву тадқиқотӣ ва озмоишиву лаборатор? ҷалб бояд кард. Зеро ҳамгироии илм бо истеҳсолот тавассути таҳсилот ва аз зинаҳои аввалини он амал? мегардад. Танҳо бо ташкили дурусти ин раванд мо метавонем барои имрўзу фардои кишвар мутахассисони сазоворро тарбия кунем.

ҳамзамон рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, аз қабили ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў набудани сатҳи омодагии касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бе дарназардошти талаботи иқтисоди миллии мамлакат омода намудани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои якхела дар якчанд мактаби олӣ, нокифоя будани мутахассисон ва заминаҳои таълимиву методӣ барои тарбияи кадрҳо аз рўи як қатор ихтисосҳои зарурӣ ва монанди инҳо вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати маориф маҳсуб меёбад.

Моро зарур аст, ки аз усули миқдории омода кардани мутахассисон даст кашида, бевосита ба сифати омода кардани мутахассисони дорои ихтисоси баланд ва ба рақобат дар бозори меҳнат тобовар таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Талаботи ҷомеа тақозо дорад, ки имрўз на ба миқдор, балки ба сифат афзалияти бештар дода шавад.

Масъалаи муҳими дигар дар низоми таҳсилоти олӣ пайванди бештар ва амиқи илм бо истеҳсолот аст. Ин имкон медиҳад, ки мутахассисони оянда дар истеҳсолот таҷриба ва малакаи хуби касбӣ ҳосил намоянд ва ба фаъолияти босамари амалӣ ҳар чи бештар ва хубтар омода гарданд.

ҳамин тариқ тақвияти нерўи илмии муассисаҳои таълимии олии касбӣ аз вазифаҳои муҳими рўз аст. Аз ин лиҳоз зарур аст, то дар назди донишкадаҳо ва донишгоҳҳо таъсиси институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо ҷалби маблағҳои дохилӣ амалӣ карда шуда, барномарезии тадқиқоти муназзами илмӣ ба таври ҷиддӣ такмил дода шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам дар атрофи масъалаи ниҳоят муҳим ибрози ақида намоям. Чуноне ки маълум аст, давлатҳои тараққикардаи саноатии Аврупо рушди иқтисодиёташонро дар замони худ маҳз аз инкишофи соҳаҳои саноати сабук оғоз намуданд. Зеро рушди соҳаи мазкур сарфи маблағҳои калонро тақозо наменамояд ва дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин хароҷотҳоро ба пуррагӣ мепўшонад. Инчунин барои рушди соҳаҳои дигари саноат шароиту заминаи хуб муҳайё месозад.

Имконияти ривоҷ додани саноати сабук дар шароити Тоҷикистон бо сабаби арзон будани ашёи хоми саноатӣ ва қувваи корӣ хеле мувофиқ аст. Ягона монеае, ки дар самти рущди саноати сабук вуҷуд дорад, нарасидани мутахассисони соҳибкасб мебошад.

Дар робита ба ин ба вазоратҳои маориф, энергетика ва саноат, иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки дар базаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масъалаи таъсис додани факултет ва шўъбаҳое, ки мутахассисони соҳаи саноати сабукро омода месозанд, омўхта ба ҳукумат таклиф манзур намоянд.

Вазифаи муҳими дигари Вазорати маориф ҳамоно такмили ихтисоси омўзгорони мактабҳои олӣ мебошад. Мусаллам аст, ки дар шароити рушди бесобиқаи илму дониш тарзу шакли таълим такмил меёбанд. Истифодаи нерўи бузурги илмӣ ва илмӣ-методии донишгоҳҳои базавӣ ва таҷрибаи онҳо барои баланд бардоштани сатҳи ихтисоси омўзгорон зарур аст. Ин бошад таъсиси Донишкадаи такмили тахассуси омўзгорони мактабҳои олиро тақозо менамояд.

Вобаста ба ин Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки масъалаи дар базаи Маркази такмили ихтисоси омўзгорони назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис додани Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ҳаматарафа омўхта, ба ҳукумати ҷумҳурӣ таклиф пешниҳод намояд.

Умуман соҳаи маорифи кишвар дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо мавқеи аввалиндараҷа дошта, бо вуҷуди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири гарони манфӣ расонид, барои соҳаи маориф ягон монеа ё маҳдудияте ҷорӣ нагардидааст.

Баръакс дар чунин шароит мо маблағгузорӣ ва сохтмони мактабҳоро зиёд намудем. Фақат дар давоми ду соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 312 бинои мактаб барои 57 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи қариб 305 миллион сомонӣ ва дар як соли охир бошад аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 184 мактаб барои 35 ҳазор ҷои нишаст ба маблағи 245 млн. сомонӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.

қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ сохтмони мактабҳо се маротиба афзудааст.

Гузашта аз ин лоиҳаи нави қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки ислоҳоти ҷиддии соҳаи маорифи ҷавобгўи рушди иқтисодиёти муосирро фарогир аст, омода мешавад. ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгў ба талаботи бозори ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Соли гузашта дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов таъсис дода шуд. Соли равон бошад боз филиалҳои Донишкадаи энергетикӣ ва Донишкадаи пўлод ва хўлаи шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва филиали Донишгоҳи миллии техникии Харкови Украина дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ мегарданд.

Шомил гардидани кишвари соҳибистиқлоли мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, қабули як қатор санадҳои муҳими байналмилалӣ, интегратсия дар низоми маориф, табодули донишҷўён ва кормандони илмӣ, эътирофи баробарарзишии дипломҳо ва бисёр масъалаҳои дигари марбут ба низоми омода намудани мутахассисони варзида роҳи васеъро барои ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки инро худи ҳаёт тақозо дорад, беш аз пеш боз менамояд.

Дўстони азиз!

Азбаски вохўрии мо дар Кохи мўҳташами илму фарҳанг - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир мегардад, мехоҳам ба таври мухтасар дар бораи фаъолият ва бурду бохти ин боргоҳ ибрози ақида намоям.

Ин донишгоҳ яке аз нахустин мактабҳои олии Тоҷикистон ва пойгоҳи асосии илму маърифати мамлакат ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахассисони тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми бузург гузоштааст.

Донишгоҳи мазкур аввалин муассисаи таҳсилоти олии кишвар мебошад, ки бо Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми миллӣ ва худмухторро соҳиб гардидааст.

Дар тўли даҳсолаҳои фаъолият ин даргоҳи илму маърифатро бештар аз 100 ҳазор мутахассисони варзида хатм намуда, ҳоло дар тамоми гўшаву канори Тоҷикистон ва берун аз марзи он дар соҳаҳои гуногуни илму маориф, фарҳанг ва сохторҳои роҳбарикунандаи давлатӣ кору фаъолият доранд.
Бо назардошти он ки имсол «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон гардидааст, мо бояд дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонем. Бо вуҷуди он ки бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳоло ҳам таъсири манфии худро ба иқтисоди миллӣ расонида истодааст, ҳукумат барои сохтмони биноҳои мўҳташами факултетҳои физика, математика, геология ва биология маблағи зарурӣ, аниқтараш 36 миллион сомонӣ ҷудо намуд.

Сохтмони ин биноҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда, аз ҳамин рўз дари онҳо ба рўи донишҷўён боз гардид. Донишҷўён имкон пайдо карданд, ки дар синфхонаҳои барҳаво ва бо техникаи муосир муҷаҳҳаз бомуваффақият таҳсил намуда, касбу дониш андўзанд.

Басо рамзист, ки дар Рўзи дониш, «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ба истифода додани ин биноҳои таълимии ҷавобгў ба талаботи замон тўҳфаест аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ барои шумо, донишҷўёни азиз!

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба тамоми сохтмончиёне, ки дар бунёди ин иншоотҳои ҳозиразамони таълимӣ ширкат варзиданд, арзи сипосу миннатдории худро изҳор медорам.

Инчунин, ба Роҳбарияти Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ супориш дода мешавад, ки дар Шаҳраки донишҷуён ба сохтмони китобхонаи донишгоҳ ва 4 толори варзишии муҷаҳҳаз оғоз намуда, онҳоро дар мўҳлатҳои муқарраргардида ба истифода диҳанд.

Дар назди Донишгоҳи миллӣ таъсис ёфтани Маркази биотехнологӣ низ яке аз қадамҳои ҷиддии рушди ин соҳа мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз вазифаҳои асосии маркази биотехнологӣ таҳкими равобити илм бо истеҳсолот мебошад.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар мўҳлатҳои наздик харидорӣ намудани техникаю таҷҳизотҳои муосири озмоишии ин марказро ба роҳ монда, робитаҳои онро бо институтҳои илмию тадқиқотии дохил ва хориҷи кишвар мустаҳкам сохта, барои пешрафти ин соҳа тадбирҳои амалӣ андешад.
Дарвоқеъ, раванди бунёдкорӣ дар донишгоҳ пурсамар ҷараён дорад ва ба сифатан беҳтар гардидани ҷараёни таълим, тайёр кардани мутахассисони донишгоҳӣ, тадриҷан таҳким бахшидани пояи моддӣ-техникии раванди таълим, пайванди илм ва истеҳсолот, омода намудани мутахассисони илмӣ-омўзгории соҳибунвон, ривоҷ додани корҳои тарбиявӣ нигаронида шудааст.

Ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бобати таъсиси литсеи табиию риёзӣ воқеан иқдоми хуб аст. Зеро солҳои охир бо сабабҳои гуногун таълиму тадриси илмҳои табиию риёзӣ, ки ҷавҳари тафаккури техникӣ мебошанд, то андозае коста гардида, хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ ба омўзиши ин фанҳо нисбатан кам ҷалб мегардиданд.

Аз ин ҷиҳат, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфтани чунин литсей барои омода намудани мутахассисони оянда дорои аҳамияти фавқулода муҳим мебошад. Ба хонандагони ин литсей устодони варзида ва олимони шинохтаи донишгоҳ таълим медиҳанд.

Боварии комил дорам, ки тавассути ин ташаббуси донишгоҳи бузургтарини кишвар дар муддати кўтоҳ ба дастовардҳои боз ҳам беҳтару хубтар дар илмҳои табиию риёзӣ ноил мегардем.

Омўзгорон ва донишҷўёни азиз!

Бо истифода аз фурсат мехоҳам дар атрофи як масъалаи хеле муҳим ибрози ақида намоям.
Кўшишҳои таъсир расонидан ба ҷаҳонбиниву андешаи ҷавонон аз ҷониби ҷараёну равияҳои ифротгаро дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ вақтҳои охир ба назар мерасанд.

Онҳо дар байни донишҷўён корҳои тарғиботӣ бурда, ба ҳар роҳу васила кўшиш менамоянд, ки ҷавонони камтаҷриба ва сатҳи дониши сиёсиашон пастро зери таъсири худ гиранд.
Омўзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз фориғболии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷараёнҳои гуногуни тундраву ифротгаро ба мактабҳои олӣ ворид гардида, иддае аз ҷавонони ноогоҳро ба тарафи худ моил менамоянд. ҷавонони ноогоҳу камтаҷриба, ки ба ин ва ё он ҷараёни ифротӣ шомил гардидаанд, аксарашон маълумоту маърифати кофӣ надоранд.

Дар робита бо ин хотиррасон карданиам, ки дар воқеаҳои фоҷиабори ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҷавонони камтаҷрибаю сатҳи худшиносии миллиашон паст дар зери таъсири тарғиботи гурўҳҳои ифротгаро ва бегонапараст монда, ба майдонҳо кашида шуданд ва қисме аз онҳо барабас қурбони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардиданд.

Шумо, ҷавонон, махсусан, донишҷўёни азизро даъват менамоям, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳаргуна тарғиботҳои барои фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардуми мо бегонаву харобиовар нашавед, барои шукуфоӣ ва рушду нумўи Ватани маҳбубамон доимо дар талош бошед.

Дар мақолаву асарҳо ва суханрониҳоям дар конференсияву симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати Соли бузургдошти Имоми Аъзам – асосгузори мазҳаби таҳаммулпазири дини мубини ислом - ҳанафия масъалаи озодии виҷдон, муносибати давлат ба дин, давлат ба мазҳаб ба таври мушаххас ва возеҳу равшан муайян гардидааст.

Давраи донишҷўиро давраи пурсамари ҷавонӣ меноманд. Зеро солҳои донишҷўӣ айёми ташаккули шахсият мебошад. Дар ин давра шахс донишҳои илмӣ ва таҷрибаи ҳаётиро аз бар намуда, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд. Худро ба ҳаёти мустақил ва фаъолияти пурсамару муфид ба нафъи ҷомеа омода месозад.

Бинобар ин шумо бояд ҳар лаҳзаи қимати ин давраро бо дарки масъулияти ҷиддӣ пурсамару судманд истифода баред.
Барои илму донишомўзии шумо ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароитро муҳайё сохтааст.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба он ҷалб намоям, ҳолати корҳои тарбиявию маърифатӣ дар байни донишҷўён мебошад, ки мақому манзалати он аз корҳои таълимӣ камӣ надорад.

Бешак, бо донишҷў ё мутахассисе, ки мавқеи солим, ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ надорад, дар оянда ҷомеаи солиму мутамаддин бунёд кардан аз имкон берун аст. Вале, мутаассифона, роҳбарони мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо вақтҳои охир диққати асосиро ба тадрису таълим равона карда, ба корҳои тарбиявӣ ба таври ҷиддӣ машғул намешаванд.

Минбаъд моро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ намудани фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар, дар баробари баҳо додан ба фаъолияти таълимию тадрисии онҳо, вазъи корҳои тарбиявиашон низ ба инобат гирифта шавад.

Донишкадаҳо ва донишгоҳҳое, ки дар онҳо фаъолияти тарбиявӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст, сарварони онҳо ҳуқуқи маънавии дар ин муассисаҳои таълимӣ роҳбарӣ карданро надоранд.

Агар мо хоҳем, ки Ватани азизамон -Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда ва пешрафта бинем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда, ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳамаи шароитро муҳайё созем, то ки онҳо тавонанд бо корҳои сермаҳсули илмию эҷодӣ ва навоварӣ машғул шаванд.

Танҳо татбиқи пурра ва ҳамаҷонибаи ин вазифаҳои муҳим имкон медиҳад, ки мо ба ҳадафҳои миллии хеш дар соҳаи маориф - таъмини сатҳи муосири ҷаҳонии низоми таълиму тарбия ноил шавем. Ин низом рушди босуръат ва босифати таълимро таъмин намуда, ҳамзамон дар тарбияи маънавии ҷомеа ва ҳар фарди он баҳри пешрафтҳои азим дар кишвари азизамон – Тоҷикистон замина фароҳам хоҳад овард.

Боварӣ дорам, ки бо нерўи бузурги шумо, устодону омўзгорони арҷманд ва донишҷўёни азиз, тамоми аҳли зиё ва кулли халқи шарифи кишвар мо ба ин ҳадафи воло ва таърихӣ дастёб хоҳем шуд.

Ин боиси он хоҳад гашт, ки сафи зиёиёни кишвар, ин табақаи пешоҳангу ибратбахшу фаъоли ҷомеа миқдорану сифатан ба куллӣ беҳбуд хоҳад ёфт ва онҳо рисолати азалии худ – яъне дар байни мардум коштани тухми маърифат, таблиғи арзишҳои ҷовидонаи миллию умумибашарӣ ва тарбияи инсони комилро бо сарбаландӣ ба сомон мерасонанд.

Зиёиён бояд бо фаъолияти ҳамарўзаи пурсамари худ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек беш аз пеш тимсоли ватанпарастию миллатдўстӣ бошанд, мардумро ба қадршиносии сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ ҳидоят намоянд, меҳр ва эътиқоди ҳамватанонро ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли хеш – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ таҳким бахшанд, чароғи илму маърифатро фурўзон нигоҳ доранд.

Дар Рўзи дониш, дар мулоқот бо шумо, олимону омўзгорон, донишҷўёну хонандагон, аҳли маорифи кишвар ин орзую омол мазмуну мундариҷаи хос касб менамоянд.

Бо чунин таманниёти нек ҳамаи шумо ва дар симои шумо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рўзи дониш ва фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сидқан табрик намуда, ба ҳамаатон сиҳатию саломатӣ, хонаи обод, азми матин ва комёбиҳои навинро дар ин шоҳроҳи беинтиҳои илму дониш орзумандам.

Сарфарозу хушбахт бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520