15 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат ба муносибати ба рӯйхатгирии умумии аҳолӣ муроҷиат кард.
Дар муроҷиат қайд гардидааст, ки барӯйхатгирии умумии аҳолӣ дар кишвар баъди эъломи истиқлолияти сиёсиву давлатӣ бори аввал сурат мегирад ва он моҳияти бузурги давлатӣ ва миллӣ дорад.
Аз ин рӯ ҳар як сокини кишвар барои бомуваффақият гузаронидани он ёрии амалии хешро расонад, зеро барӯйхатгирии аҳолӣ барои муайян кардани самтҳои муҳимтарини тараққиёти ояндаи мамлакат имконият фароҳам меоварад.