Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Кохи Наврӯз

09.03.2018 21:08, шаҳри Душанбе

Шоми рӯзи 9 март Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи онро тамошо карданд.

Маҷмааи "Кохи Наврӯз" дар маркази пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, соли 2015 бо усули меъмории миллӣ ба истифода дода шуд.

Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъи толорҳои он бо санъати волои гаҷкорӣ, оинабандӣ ва чубкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин 15айвончаи тобистонаи хурду калон, фаввораҳои ранга ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшад. 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангтарошӣ истифода бурда шудааст.

Кохи Наврӯз аз толорҳои боҳашамати “Дидор”, “Аржанг”, “Гулистон” ва “Зарандуд” иборат аст

Толори “Дидор” аз гаҷкорӣ ва наққошӣ иборат мебошад. Даромадгоҳи толор бо нақшу нигори «кундал» оро дода шудааст. Дар деворҳои он гаҷкорӣ дар рӯи оина иҷро шуда, нақшу нигори миллӣ акс ёфтааст. Сақфи он бо рангҳо хеле зебо наққошӣ карда шудааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудааст. Масоҳати толор 1100 метри муррабаъ мебошад.

Толори “Аржанг” аз 29 намуд сангҳои нимқимматбаҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Дар девор аксҳо аз рӯи мусаввараҳои Камолиддини Беҳзод иҷро карда шудааст. Масоҳати толор 1000 метри муррабаъ мебошад.

Толори “Гулистон” - толори кандакорӣ намоиши ифтихори кандакории тоҷик мебошад. Дар ин толор бештар аз 6000 метри муррабаъ кандакорӣ дар чӯб иҷро шудааст. Он 16 сутун дорад. Қандили бузургаш 3 тонна буда, булурӣ мебошад. Масоҳати толор 1650 метри муррабаъро ташкил медиҳад.

Толори “Зарандуд” баландтарин толори бинои Кохи Наврӯз аст. Қандили бузургаш 6 тоннаву 700 кг вазн дошта, 1600 чароғак дорад. Дар ҳар як қисми девор рамзи тоҷи заррин бо ҳафт ситораро дидан мумкин аст. Дар сутунҳо ва болои он нақшҳо бо тиллои маҳин ороиш дода шудаанд, ва бинобар ҳамин толори тиллоӣ мегӯянд. Деворҳои толор бо гаҷкорӣ дар оина ва шиша оро дода шудааст.

Бо ин шукуҳу шаҳомат имрӯзҳо Кохи Наврӯз макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гаштааст.

Баъди   тамошои толорҳои Кохи Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳунари волои устоҳои тоҷик ва ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди чунин як макони бузурги фарҳангӣ баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520