Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Рашт

27.08.2010 13:00, ноҳияи Рашт

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба гурўҳи ноҳияҳои водии Рашт рафт.

Дар ноҳияи Рашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти коргоҳи навбунёди дўзандагӣ, ки дар паҳлўи фурўдгоҳи ноҳия қарор дорад, шинос шуд.

Зимни боздид, аз ин коргоҳи нав иттилоъ дода шуд, ки дар он 60 нафар занону духтарони хонашини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.

Айни ҳол онҳо асосан либосҳои занона медўзанд, вале барои ба роҳ мондани дўхти либосҳои мардона ва мактабӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Сипас бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ биноҳои наву боҳашамати филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки зикр гардид, дар ин ҷо як бинои 5 ошёнаи таълимӣ, хобгоҳ, 9 хонаи истиқоматӣ барои омўзгорон ва бунгоҳҳои гармидиҳию трансформаторӣ бо харҷи 18 миллиону 560 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.

Айни ҳол дар филиали донишгоҳи омўзгорӣ 860 нафар донишҷў дар 2 факулта бо 6 ихтисоси омўзгорӣ таҳсили илм мекунанд. Ба онҳо 26 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба илм меомўзонанд.

Бинои таълимӣ дорои синфхонаҳои зебою муҷаҳҳаз, аз ҷумла ду синфи компютерӣ, ду синфи озмоишӣ ва шароити хуби дигари илмомўзӣ мебошад. Дар хобгоҳи филиал барои 366 донишҷў ҷойи зиндагию дарстайёркунӣ омода гаштааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди устодону донишҷўён мужда расонд, ки дар зарфи 3-4 соли оянда дар ин ҷо як толори барҳавои варзишӣ ва боз як бинои таълимӣ ва як хобгоҳи дигар низ бунёд меёбанд ва он вақт филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ ба донишкадаи мустақили омўзгории минтақаи Рашт табдил хоҳад ёфт.

Аз ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки яке аз минтақаҳои зеботарини Тоҷикистон ба шумор меравад, ташриф оварда, нахуст оромгоҳи олиму донишманд ва мутафаккири асри 19 – и мелоди Мавлоно Муҳаммадшарифро зиёрат намуд.

Дар ҳамин мавзеи хушманзара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзони хоҷагии деҳқонии тухмипарварии Камароб аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум гашт, хоҷагӣ дорои 32 гектар замини обӣ мебошад ва дар 20 гектараш картошка кишт шудааст. Аҳли хоҷагӣ аз ҳар гектари картошка 450 сентнерӣ ҳосил рўёнданианд. Заҳматкашони хоҷагӣ ҳамчунин бо парвариши замбўри асал, ғаллакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ низ машғуланад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки баҳри ривоҷ додани тухмипарварӣ дар чунин мавзеъҳои хушобуҳаво тадбирҳои муассир андешанд, то ки дигар минтақаҳо низ бо тухмиҳои хушсифати картошка таъмин карда шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520