Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи бинои Филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт

27.08.2010 13:00, ноҳияи Рашт

Устодону омўзгорон ва донишҷўёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Боиси хушҳолист, ки солҳои охир дар остонаи ҷашнҳои бузурги миллиамон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаву коргоҳҳо, муассисаҳои таъиноти иҷтимоӣ ва иншооти маъмуриву маишӣ ба ҳукми анъанаи нек даромадааст, ки ин пеш аз ҳама, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва аз баракати кўшишу ғайрати созандаи миллати куҳанбунёду тамаддунсози мо мебошад.

Ва имрўз дар арафаи солгарди навбатии истиқлолияти Тоҷикистон, соли нави таҳсил ва дар доираи чорабиниҳои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ мавриди истифода қарор гирифтани боз як муассисаи нави таҳсилоти олии касбӣ ва хобгоҳи замонавии он дар диёри мардуми бонангу номус ва адабпарвару фарҳангдўсти Рашт, ки мо имрўз шоҳиди он ҳастем, гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.

Бинобар ин, ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи бинои филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, ки аввалин муассисаи таҳсилоти олӣ дар водии Рашт мебошад, самимона табрик мегўям.

Шумо хуб медонед, ки таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа, таҳкими иқтидори иқтисодии давлат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, дар навбати аввал, тавассути соҳаи маориф амалӣ мегардад ва ҳадафу вазифаи асосиву рўзмарраи низоми маорифи кишвар низ тарбия ва таълими шахсияти соҳибмаърифату соҳибихтисос ва фаъолу созанда мебошад.

Вазифаи давлат ва ҳукумати мамлакат дар ин самт фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, бо таҷҳизоту лавозимот ва воситаҳои муосири техникаву технологияи компютериву иттилоотӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои олии касбӣ ба ҳисоб меравад.

Мутобиқи ҳисоботи оморӣ имрўз дар ноҳияҳои водии Рашт дар маҷмўъ 345 муассисаи таҳсилоти умумӣ, як гимназия, се мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятим, инчунин даҳҳо муассисаҳои томактабӣ, панҷ муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва се омўзишгоҳи омўзгорӣ фаъолият мекунанд.

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии водии Рашт тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми ноябри соли 2006 дар заминаи шўъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ филиали донишгоҳи мазкур таъсис дода шуд.

Ин муассиса аз оғози таъсисёбии худ то имрўз ҳамчун сохтори асосии тарбияи муаллимон дар тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии омўзгорӣ дар водии Рашт қадамҳои устувор мегузорад.

Муассисаи таълимӣ аз рўи ду равия - риёзиву табиӣ ва гуманитарӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии ноҳияҳои водии Рашт мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ тайёр мекунад.

Ҳоло дар филиали донишгоҳи мазкур ду факултет ва чор кафедра фаъолият дошта, дар бахшҳои рўзона ва ғоибонаи он 876 нафар донишҷўён таҳсил менамоянд.

Дар таълимгоҳ стратегияи пешбурди фаъолияти корҳои тарбиявӣ тибқи талаботи Консепсияи миллии тарбия, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Дар бораи ба танзим даровардани раванди таҳсил ва ба лексияи академӣ омода намудани донишҷўёни курсҳои якум ва дуюми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тадбирҳои махсус татбиқи худро ёфта истодаанд.

Бояд гуфт, ки донишҷўёни филиали Донишгоҳи омўзгорӣ то ба ҳол дар бинои собиқ мактаби рақами як ва омўзишгоҳи касбҳои техникии ноҳия сабақ мегирифтанд.

Ва имрўз онҳо соҳиби биноҳои хуштарҳу замонавӣ гардиданд, ки барои 860 донишҷў ва хобгоҳ барои 366 ҷой бо тамоми шароити зарурӣ пешбинӣ гардидаанд.

Сохтмони биноҳои мазкур соли 2007 шурўъ гардида, бунёди онҳо тавассути мутахассисону сохтмончиёни Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон амалӣ гардид. Барои сохтмони филиал то имрўз аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 19 миллион сомонӣ сарф карда шуд.

Мақсади мо аз бунёди муассисаҳои таълимии нав ва таъмиру азнавсозии мактабҳои мавҷудаи мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити зарурии таълиму тарбия, омўзонидани илму донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун барои наслҳои наврас ва навҷавонон мебошад.

Зеро онҳо ояндаи мо ва созандагони Ватани соҳибистиқлоламон мебошанд.

Ба хотири татбиқи пайгиронаи сиёсати иҷтимоӣ, бахусус дар соҳаи маориф, ки имрўз давлат онро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кардааст, дар давоми се соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар деҳаҳои қалъанак, Кўлоба, Навдӣ ва Лангари ноҳияи Рашт чор бинои мактаби нав барои 1120 хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Илова бар ин, бунёди хобгоҳи интернати назди мактаби рақами якум бо маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохтмони мактаб дар деҳаи Маҳалла барои 60 ҷойи нишаст ба анҷом расонида шуд.

Инчунин, барои омўзгорони филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон сохтмони 8 хонаи истиқоматӣ ва як меҳмонхона барои устодони аз дигар мактабҳои олӣ даъватшаванда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи қариб як миллион сомонӣ бо тамоми ашёву асбоби зарурӣ ва ҷиҳози хона ба анҷом расонида ва имрўз мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ноҳия ҳамчунин барои барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, бунёди нерўгоҳи хурди барқи обии “Тутак”, бинои дуюми хобгоҳи интернати назди мактаби рақами якум барои 60 ҷой, шўъбаи сохтмони асосии ноҳия қариб 2 миллион сомонӣ ва варзишгоҳ як миллион сомонӣ ҷудо шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ дар онҳо босуръат идома доранд.

Дар баробари корҳои то имрўз анҷом додашуда дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанўз як қатор камбудиву мушкилот низ ба назар мерасанд, ки мо аз онҳо хуб огоҳ ҳастем ва барои тадриҷан бартараф кардани онҳо тадбирҳо андешида истодаем.

Аз ҷумла, сохтмони бинои мактаби деҳаи Дашти Рашт, ки ҳанўз соли 1987 оғоз гардида, барои 320 хонанда пешбинӣ шуда буд, то имрўз ба анҷом нарасидааст.

Аз ин рў, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки барои соли оянда ба нақша гирифтани бунёди ин муассисаи нотамоми таълимӣ чораҳои дахлдор андешад.

Бо истифода аз фурсати мувофиқ мехоҳам як масъалаи дигарро хотирнишон намоям. Ноҳияи Рашт дар водӣ яке аз ноҳияҳое мебошад, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама картошкапарварӣ, боғдорӣ ва занбўриасалпарварӣ имкониятҳои зиёд дорад.

Худатон хуб дар хотир доред, ки давраҳои гузашта маҳсули заҳмати боғпарварони ноҳия натанҳо бозорҳои Тоҷикистонро таъмин мекарданд, балки ба хориҷ аз кишвар низ содирот мешуданд.

Фаромўш накунед, ки навъҳои гуногуни мева, асал ва картошкаи истеҳсолкардаи шумо бо лаззат ва аз лиҳози экологӣ тоза будани худ шўҳрати хос доштанд.

Водии Рашт аз қадимулайём бо деҳқонони асилу мутахассисони соҳибтаҷриба ва фарзандони бонангу номуси худ машҳур аст. Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фаровони ноҳия, хусусан обу замини ҳосилхез, ҳавои мусоид ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад.

Инчунин бо дарназардошти вазъи имрўзаи бозорҳои ҷаҳонӣ бояд ҳар як оила захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад.

Дўстони азиз!

Мулоқоти мо ба моҳи иҷобати дуоҳо, яъне моҳи шарифи рамазон рост омад. Дар ин давра инсон барои анҷом додани фазилатҳои неки инсонӣ, ки дини мубини ислом мефармояд, аз ҷумла корҳои хайру савоб ва садақоту саховат андеша мекунад ва бо ин роҳ соҳиби савоби бисёр мегардад.

Тавре ки аз фалсафа ва ҳикматҳои қуръон бармеояд, инсон бо сарвату дорандагӣ ба Худованд наздик намешавад, балки бо саховату ёрмандӣ ба мўҳтоҷону ятимону маъюбон ба офаридгори худ наздик шуда, дар молу сарвату хонаводааш баракати илоҳӣ меафзояд.

Худои таоло дар дини мубини ислом садақа доданро аз иқдомоти писандидаи мусулмонон медонад, ба шарте ки он холисона, бо ризои қалб ва ҷиҳати ризоияти Худованд пардохт шавад.

Садақа як навъ расидан ба маънавияти фардӣ ва шукргузорӣ аз Парвардигор мебошад, ки неъматҳои моддиву маънавиро дар ихтиёри инсоният қарор додааст ва шахсоне, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд, бояд ҷиҳати анҷоми ин иқдоми хайру инсондўстона ширкат карда, барои охирати худ тўшае захира намояд.

Аз ин рў, баъзе муфассирони каломи илоҳӣ садақаро ба ресмоне монанд кардаанд, ки тавассути он ба маънавияти дунявӣ ва баракоти охират расидан имконпазир аст.

Ва Худои таоло дар сураи “Аҳзоб” ба бандагонаш дар ин маврид чунин мефармояд: «Мардону занони мусулмон ва мардону занони боимон ва мардону занони ибодатпеша ва мардону занони ростгў ва мардону занони басабр ва мардону занони садақадиҳанда ва мардону занони покдоман ва мардону заноне, ки Худоро зиёд ёд мекунанд, Худо барои ҳамаи онон омурзишу подоши бузург фароҳам сохтааст».

Садақа миқдори хосе надорад ва садақадиҳанда метавонад ҳар миқдор моли худро, ки бихоҳад, дар роҳи Худо ба ятимону маъюбон ва беморону ниёзмандон бахшад. Ва дар хусуси садақа додан расули акрам ҳазрати Муҳаммад низ ҳадисҳои зиёде дорад.

Аз ҷумла, дар ҳадисе мефармояд: «Агар дар роҳ он чи мўҷиби азияти раҳгузар бошад, бартараф созӣ, садақа аст, роҳ нишон додан ба раҳгузар садақа аст, аёдат кардани мариз садақа аст, фаро гирифтани илм ва омўзонидани он ба мардум садақа аст, ҳар кори некў ва амали хайр садақа аст, пас садақа бидиҳед, ба нимаи хурмо бошад ва аз оташ парво бикунед, ба нимаи хурмо бошад».

Аз ин нигоҳ, фикр мекунам, ки агар ҳар шахси хайрхоҳу саховатманд кўмаки худро ба шахсони эҳтиёҷманд сарф намояд, яъне тибқи фармудаи Худованди таоло садақоти хешро ба шахсони мувофиқ, яъне одамони ғарибу мустаманд, фақиру мўҳтоҷ, ятиму маъюб, шахсони камбизоат ва пирони маризу барҷомонда сарф намояд, аз файзу баракати Худои таоло баҳравар мегардад.

Хусусан имрўзҳо, ки мо дар арафаи иди саиди Фитр қарор дорем, ба ҳамаи шахсони дорову сарватманд ва тамоми онҳое, ки нияти додани фитри рўзаро доранд, хотиррасон месозам, ки ин фаризаи дини мубини исломро, ки дорои моҳияти баланди инсондўстона мебошад, барои шахсони муносибу мувофиқ анҷом дода, дасти хайру эҳсони худро ба онҳо дароз намоянд ва соҳиби савоби зиёд гарданд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо аввалан ба шарафи солгарди навбатии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иди саиди Фитр, ки чанд рўз баъд фаро мерасанд, инчунин ифтитоҳи ин махзани илму маърифат самимона табрик намуда, ба ҳар кадоматон бахту иқбол, рўзгори ободу осуда ва хониши хубу аъло орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520