Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Абдуҷабборӣ Абдуфаёз Абдуҷаббор раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад.
2. Аҳрорзода Шуҳрат Аслон раиси суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд озод карда шавад.
3. Бурҳониён Маъруфҷон раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад.
4. Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.
5. Ёқубзода Абдураҳмон Холдор раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод карда шавад.
6. Назарзода Рустам Ҳотам раиси суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод карда шавад.
7. Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод карда шавад.
8. Раҳимзода Давлатманд судяи суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод карда шавад.
9. Собирӣ Раҳим Шокир муовини раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод карда шавад.
10. Иброҳимзода Абдушукур Иброҳимҷон судяи суди ноҳияи Сангвор таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад.
11. Мирзозода Манучеҳр Ҳасан судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
12. Неъматуллозода Гулноз Неъматулло судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳринав озод карда шавад.
13. Низомӣ Шерзод Аслиддинзода судяи суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод карда шавад.
14. Сафозода Амриддин Гул судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
15. Одиназода Ҳусен Нурулло судяи суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
16. Абдуллозода Аҳмадҷон Баҳри судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад.
17. Баҳриддинзода Ҳилол Эсо судяи суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.
18. Насриддинзода Нигина Негмат судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад.
19. Азизи Назрибек раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
20. Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад раиси суди иқтисодии вилояти Суғд,
Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд,
Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон муовини раиси суди шаҳри Ҳисор,
Раҳимзода Исмоил судяи суди вилояти Суғд,
Назарзода Ховар Нурмуҳаммад судяи суди вилояти Суғд,
Муминзода Ҳусейн судяи суди шаҳри Душанбе,
Иброҳимзода Исроил Исмоил судяи суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон,
Муҳаммадзода Рустам Мухторӣ судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъин карда шаванд.
21. Расулзода Гулнора аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
11 апрели соли 2018
№1044

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520