Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

12.04.2018 11:14, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,

Дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо камоли мамнуният табрикоти самимии худро ба Шумо ирсол медорам.

Мардуми Озарбойҷон бо  овоздиҳии худ дар интихобот бори дигар эътимоди олиашро ба сиёсате, ки таҳти роҳбарии Шумо роҳандозӣ гардида, ба шукуфоии бемайлони кишвар ва таҳкими обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дод. 

Ба туфайли заҳмату талошҳои бисёрсолаи Шумо Озарбойҷон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гардид ва мо аз чунин дастовардҳои дӯстони худ сидқан хушнуд ҳастем.

Итминон дорем, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар манфиатҳои ду кишвар дар солҳои оянда низ масири густариши нав касб хоҳад кард. Бо ин мақсад ин ҷониб омода аст, ки дар якҷоягӣ бо Шумо тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳад.  

Ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, сиҳатмандӣ, бахту иқбол, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои  минбаъда ва дастовардҳои навинро бар нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520