Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ

13.04.2018 18:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар назди бинои маъмурии Бонки миллӣ ба роҳбарияти он дастуру супоришҳои созанда доданд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо заминҳои наздиҳавлигии Бонки миллӣ, Кохи Ваҳдат ва дигар иншооти шафати кӯчаи марказии хиёбони Рӯдакӣ барои бунёди гулгашти замонавӣ, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои зебо ва насби курсиҳо дар ин ҷо ҳидоятҳо доданд.

Баъди бунёди гулгашти нав, ки дар як ҷойи хеле мувофиқ бо дастури Пешвои миллат сохта мешавад, барои сокинону меҳмонони пойтахт макони дилфиреби сайру гашт муҳайё мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатии пойтахтро ба сифати баланди корҳо ва иҷрои тадбирҳои ободонии муҳит бо завқи баланди зебоипарастӣ ҷалб карданд.

Бунёди боз як гулгашти нав дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои шаҳрвандони мамлакат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат мебошад ва он имкон медиҳад, ки Душанбе дар ҳақиқат ба шаҳри гулҳо мубаддал гардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520