Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раиси тозаинтихоби Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел

20.04.2018 18:01, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҷумҳурии Куба самимона табрик ва таҳният менамоям.

Итминон дорам, ки дар ин мақоми олӣ Шумо чун кафили сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвари худ фаъолона амал хоҳед кард.

Мо ҳавасмандем, ки густаришу таҳкими муносибатҳои ду кишвар пайгирона вусъат ёфта,  мазмуну муҳтавои фарохтарро касб намоянд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехостам омодагии Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари Куба ва мардуми дӯсти он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520