Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ

04.05.2018 14:11, шаҳри Душанбе

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки “Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи арсаҳо ноил хоҳем шуд”.

Аз робитаҳои бародарӣ ва мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, заминаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои рушди амалии ҳамкорӣ дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт шароитҳои мусоид фароҳам мебошад.

Ҷонибҳо ҷоннок кардани кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро барои ҷалби сармояи Қатар дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин робита истифодаи иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва технологии Қатар ҳамчун омили муҳимми рушди устувори кишварҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб оид ба ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бо хатарҳои даҳшатбор табодули андеша намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520