Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

09.06.2018 15:43, Чин

9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро барои такроран ба маснади Раиси ҷумҳур интихоб шуданашон табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ӯ минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносиботи шарикию стратегии ду кишвар талош хоҳад кард.

Сарвари давлат барои саҳми муносиби Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ изҳори сипос карданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки маҷмуъи санадҳои қаблан имзошуда барои амалӣ кардани нақшаву барномаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва барои аз кишвари аграрӣ  - саноатӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани мамлакат, саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкорӣ дар масъалаи ҷалби сармояи чинӣ дар соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии “Фон Яғноб” бо иқтидори 600 мегаватт, лоиҳаи сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи боло бардоштани ҳаҷми гардиши мол, афзоиши содирот ба бозори Чин, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, барои расидан ба ин ҳадафҳо пешниҳод гардид, ки фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъол карда шавад.

Зимни мулоқот дигар мавзуъҳои муҳими ҳамкорӣ, дар бахшҳои ҷалби сармояи чинӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, зарурати баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

 Ҷонибҳо дар доираи ҳамкории минтақавию байналмилалӣ инчунин масъалаҳои робитаҳои муштарак дар самти мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар Афғонистон ва дигар самтҳои ҳамёриро дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ муҳокима карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520