Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин

19.06.2018 17:32, шаҳри Душанбе

19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатмандии худро оид ба дастгирии Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ иброз доштанд.

Ҷонибҳо ба нақши Департаменти Созмони Милал оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои арзанда доданд. Изҳори умед карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ҷонибҳо ба татбиқи босамари Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд то соли 2020, ноил хоҳанд шуд.

Дар самти расидан ба ҳадафҳои “Рӯзномаи ҷаҳонии рушд - 2030” масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир, рушди инфрасохтор, роҳандозии низоми самарабахши ҳамлу нақли транзитӣ, соддагардонии қоидаҳои тиҷорат, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Зимни мулоқот муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин мақоми пешвоии Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои глобалии вобаста ба об махсус таъкид карда, ба талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд доданд.

Дар охир зимни баррасии масъалаи истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда Сарвари давлат ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” ва Даҳсолаи байналмилалии “Энергияи устувор то соли 2024” таъкид карданд.

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520