Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

25.06.2018 08:17, шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои "Маркази ҷавонон ва наврасон"-и шаҳр сохта шуда аст, ки каблан ин мавзеъ ҷойи нообод буд.

Иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи Парчам 52,4 метр буда, масоҳати майдони он 3989,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад. 

Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "МПМК Ӯротеппа" мебошад.

Атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро фавораҳою роҳрав ва намои иншооти наву замонавии бунëд карда шуда назаррабо сохта, ин ҷо бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ба як макони дилписанду зебо табдил ёфта аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.

Саҳни ин рамзи давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун мувофиқу мусоид буда, бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ дар худуди боғи Парчам каҳвахона, толори бозиҳои кӯдакона ва меҳмонхонаву дигар иншооти хизматрасонӣ бунëд гардида аст.

Маҷмааи бозиҳои кӯдакона дар шафати майдони парчам, ки бо саҳми як нафар соҳибкор бунëд гардидааст, дар он барои дилхушии кӯдакон дастгоҳу таҷҳизоти муосири шавқовар мавҷуд мебошад. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар корҳои ободонию созандаги фаъолона ва бо ҳиси баланди Ватандӯстӣ саҳм мегузоранд.

Маврид ба таъкидаст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бо амали кардани тадбирҳои муҳим дар шаҳри Истаравшан мавзеъҳои зиёди истироҳатию фароғатӣ навсозию бунёд гардида, барои сайру гашти сокинон ва баргузории чорабиниҳои гуногун шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520