Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон

25.06.2018 19:16

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Туркия табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Раъйи дар натиҷаи  интихоботи мазкур бадастовардаи Шумо боз як нишонаи эътимоду дастгирии ҷомеаи Туркия аз сиёсати  созандаи Шумо  мебошад.

Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими ҳамаҷонибаи муносиботи гуногунҷанбаи судманд бо Ҷумҳурии Туркия мебошад ва мо аз сатҳи имрӯзаи  ҳамкориҳои кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъю эҳтимоми муштарак равобити неки байни кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бароварда, онҳоро бо мазмуну мундариҷаи тоза боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, саодату саломатӣ ва пирӯзиҳои беш аз пеш дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафту шукуфоии минбаъдаи Туркия ва мардуми дӯсти он  орзу дорам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520