Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи қитъаи Шоҳроҳи “Конибодом - Патар”

27.06.2018 10:51, шаҳри Конибодом

27 июн дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ қитъаи Шоҳроҳи “Конибодом - Патар” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тибқи лоиҳа барои амалӣ кардани марҳилаи аввал, ки бунёди 5, 7 километр роҳро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ 33 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Дар рафти татбиқи лоиҳа ҳамчунин 3 купрук, 11 километр қубурҳои обгузар ва 2 адад чароғаки раҳнамо сохта шуд.

Дар маҷмуъ барои татбиқи пурраи лоиҳаи сохтмони 67,7 километр роҳ наздики 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати “Чайна-Рейлвей Вучу Групп Корпорейшн”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ то 400 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳимму саривақтӣ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520